«Хона ба хона»: Бо ин усул 25 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 24.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ 25 гурӯҳи корӣ таъсис додааст. Ин гурӯҳҳо бо мақсади андешидани тадбирҳои бетаъхиру самаранок доир ба гузаронидани корҳои созандагӣ, тозагию ободонӣ ва фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгири бемории коронавирус таъсис ёфтаанд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Гурӯҳи мазкур аз ҳисоби муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳо ва фаъолони ноҳия ташкил гардида, суҳбату вохӯриҳо бо усули «Хона ба хона» дар маҳаллаҳои Варзоб-ГЕС, Сабзазор, Чашмасор, Проектний, Амиршоев, Заргар, Умари Хайём, Сари Осиё, Холов, Телман, Заҳматобод, Азизбеков баргузор гардиданд.
Аъзои ин гурӯҳҳо ба аҳолӣ фаҳмонида истодаанд, ки имрӯз дар тамоми давлатҳои ҷаҳон одамон чӣ гуна аз бемории COVID -19 азият мекашанду он сабаби марги ҳазорон нафар гардидааст. Мардум бояд донанд, ки ҳарчанд ки ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аммо ин набояд боиси фориғболии мардум гардад.
Аъзои гурӯҳи мазкур инчунин зимни вохӯриҳо дар муассисаҳои таълимии №11, 6, Литсей барои бачагони болаёқати №3, муассисаҳои томактабии №8, 5, 121 оид ба пешгирии паҳншавии вируси COVID-19, риояи гигиенаи шахсӣ, ҳолати санитарию гигиении хона, ҷалби аҳолӣ ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, сабзазоркунӣ, ниҳолшинонӣ, таъмири хонаю дар, тозаву озода намудани ҳавлӣ, кӯчаю маҳалла, танзими тӯю маъракаҳо ва аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ дар байни занону ҷавонон суҳбат намуданд.








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






