Иттиҳоди Аврупо ният дорад то 48 миллион евро ҳамчун кумак ба Тоҷикистон барои пешгирии COVID-19 пешниҳод намояд

Апрель 14, 2020 09:57

ДУШАНБЕ, 14.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. 13 апрел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафир Мэрилин Йосефсонро қабул намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо масоили ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла пешгирии паҳншавии коронавирус (COVID-19) дар кишварро баррасӣ карданд. Дар робита ба ин, сафир Мэрилин Йосефсон изҳор намуд, ки Иттиҳоди Аврупо ният дорад то 48 миллион евроро дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ ҳамчун кумак ба Тоҷикистон барои бароварда сохтани ниёзҳои мубрам ва костани пайомадҳои ҳамагирии COVID-19 пешниҳод намояд.

Дар суҳбат ҳамчунин масъалаҳои байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Акс аз ВКХ ҶТ

Апрель 14, 2020 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад