Корманди Нозироти андоз ҳангоми гирифтани 21 ҳазор сомонӣ пора дастгир гардид
ДУШАНБЕ, 27.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассиси пешбари Нозироти андоз дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ҳангоми даст задан ба амали дорои хусусияти коррупсионӣ ва гирифтани 21000 сомонӣ пора дастгир шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Номбурда 22 феврали соли равон барои ба манфиати хоҷагии деҳқонии «А» ҳал намудани санҷиши андоз аз роҳбари он 21 ҳазор сомонӣ талаб намудааст.
«Худи ҳамон рӯз, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ мавсуф баъди гирифтани маблағи зикршуда дар ҷойи ҳодиса дастгир ва маблағи мазкур аз ў ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд»,- афзуд манбаъ.
Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба дастгиршуда бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в» ва «г»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.








Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад






