Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар Хуҷанд барои ба хизмати ҳарбӣ рафтани ҷавонписарон вохӯриҳои судманд ташкил менамояд

Апрель 12, 2020 09:02

ДУШАНБЕ, 12.04.2020 /АМИТ /«Ховар»/. Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд,  аз  ҷумла, мудирони шуъбаҳои  кор бо занон ва ҷавонон Заррина Манонова ва Олимҷон Норматов силсилаи вохӯриҳо дар маҳаллаҳо бевосита бо волидайни сарбозон доир мегарданд. Зимни мулоқот ба ҳозирин дастгирии давлат ва Ҳукумати мамлакат дар самти рушди миллӣ, сол аз сол беҳтар шудани шароити хизмати аксарон ва муҳимтар аз ҳама, дар фазои озоду ободи ҷумҳурӣ хизмат кардани ҷавонписарон  фаҳмонида мешавад.

Зимни вохӯриҳо таъкид мегардад, ки ҳимояи марзу буми давлат вазифаи имонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки ҷавони бонангу ор буда, бояд дар ин ҷода волидон роҳнамо ва дастгири фарзандон бошанд.

Дар ин росто баргузор шудани чорабиниҳои гуногуни варзишӣ дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои таълимӣ бевосита дар қисмҳои низомӣ, аёдати волидон аз рафти хизмати фарзандон, силсилаи барномаҳои телевизионӣ барои самаранок бурдани маъракаи даъват мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки  аз 1 апрел мавсими нави даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, аллакай дар баъзе ноҳияҳои мамлакат нақшаи даъват ба иҷро расид. Сол то сол ифтихори миллии ҷавонписарон боло рафта, аксаран бо хоҳиши худ ба хизмати аскарӣ мераванд.

Апрель 12, 2020 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид