Норак: 60 нафар ҷавонони бонанг ихтиёрӣ бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ сафарбар гардиданд

Апрель 2, 2020 09:14

НОРАК, 02.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел бахшида ба Рӯзи даъватшаванда 60 нафар ҷавонони бонанги  шаҳри Норак ба таври ихтиёрӣ ва бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ  сафарбар гардиданд. Ба ин муносибат дар толори муассисаи таълимии  рақами 28-и шаҳри Норак бо иштироки раиси шаҳр Маликшо Неъматзода,  намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, падару модарон ва даъватшавандагон маросими  тантанавӣ  оид ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. 

Дар ҷамъомад раиси шаҳри Норак Маликшо Неъматзода аз корнамоӣ ва диловарии фарзандони Ватан дар тӯли таърих ёдовар шуда, иброз дошт, ки бо шукргузорӣ аз истиқлолият ва оромии мамлакат ва ташаббуси падару модарон ба даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ  ҷавонон ба таври ихтиёрӣ ба Артиши мамлакат сафарбар шуданд. Ин буд, ки шаҳри Норак дар рӯзи якум маъракаи  даъватро пурра ҷамъбаст намуд.

Албатта, ин амал  ҳисси баланди масъулиятшиносию ватандӯстии  сокинони  шаҳрро нишон медиҳад.

Тибқи иттилои масъулини шаҳри Норак, аз шумораи умумии сафарбаршудагон 31 нафар курси ронандагӣ ва дигарон курсҳои  барқчӣ ва харротиро хатм намуда, соҳиби шаҳодатномаҳои касбӣ гардидаанд.

Дар қисмати дуюми ҷамъомад баҳри болидарӯҳӣ ва хушҳолии даъватшудагону волидайни онҳо барномаи консертии дастаи ҳунарии шуъбаи фарҳанги шаҳр манзур гардид.

Апрель 2, 2020 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд