Олимони Россия илоҷи маҳви коронавирусро ёфтанд
ДУШАНБЕ, 01.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Олимони Россия аз Сколково усули муборизаи пурсамар бар зидди бактерия, мағор ва вирусҳоро ёфтанд. Мутахассисон муайян кардаанд, ки оби бо плазмаи сард софкардашуда ҳатто бар зидди коронавируси SARS-CoV-2 метавонад силоҳи марговар гардад, навиштааст рӯзномаи «Известия».
Моеъ «Магнарил» унвон гирифт. Дар чунин об сафедаҳо барҳам мехӯранд ва баъди хушкидан дар ҷои пӯсти коркардшуда чизе боқӣ намемонад.
Технология бо чунин тарз кор мекунад. Дастгоҳ плазмаи сард- газро аз зарраҳои неругирифта ва ногирифта истеҳсол менамояд, ки он ба оби одӣ ворид мешавад. Баъд аз ин атомҳо як қисми электронҳоро гум мекунанд ва дар натиҷа ба молекулаи H2O пайваст шуда наметавонанд.
Ин сабаби пайдошавии шаклҳои гуногуни оксиген ва гидроген мегардад, ки онҳо ҳуҷайраҳои вирусро вайрон мекунанд.
Ба ҷуз оксигени «хатарзо» «Магнарил» вирусро инчунин аз ҳисоби кислотаи хлорнок барҳам мезанад.
«Аз даҳ як фоизи намаки чунин кислота дар об ба афзоиши коронавирус монеъ мешавад. Ҳамзамон кислота аз намаки худ фаъолтар аст. Метавон тахмин зад, ки моеъ на фақат афзоиши бактерияҳои касалиоварро бозмедорад, балки онҳоро маҳв месозад»,- шарҳ дод роҳбари ширкати дар Сколково ҷойдоштаи «Магнарил аква лаб» Дмитрий Балаболин.
Чунин обро фақат барои соф кардани ниқобҳо ва ашёи гуногун, ҳамчунин барои пош додан дар ҳаво истифода бурдан мумкин аст. Он барои инсон безарар ва ҳамчунин дар истеҳсолот хеле арзон аст– тақрибан 100 рубл барои 1000 литр.
Вале баъзе мутахассисон ба он ақидаанд, ки сарфи назар аз арзонӣ маҳлули нав чандон оянда надорад.
Гидрогени туршшуда нисбат ба маҳлули оксигени синглетӣ, ки дар оби бо плазмаи сард софкардашуда ҳосил шудааст, хеле пурқувват мебошад, изҳор дошт роҳбари озмоишгоҳи инженерияи насабшиносии Пажӯҳишгоҳи физикӣ-техникии Москва Павел Волчков. – Оксид дастрасу хеле арзон аст ва барои истеҳсоли он таҷҳизоти махсус лозим нест.
Маҳлули нав ба фарқ аз оксиди гидроген барои ҷисми инсон комилан безарар аст, мегӯянд муаллифони маҳлули нав. Агар буғҳои оксид ба луобпардаҳо зиён расонда, ҳатто сӯзиши чашмро ба вуҷуд оранд, пас, як истакон «Магнарил»-ро метавон бе ҳеҷ зиён барои саломатӣ нӯшид.
Ба ғайр аз ин, онро барои намнок кардани биноҳо истифода намудан мумкин аст, он гоҳ ҳавои аз пардаи он гузаранда аз бактериҳои касалиовар тоза мешавад.
Айни ҳол олимон ба тартиб додани иҷозатнома ба ин ихтироот ва истеҳсоли мунтазами он машғуланд.
АКС: РИА «НОВОСТИ»








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






