Пагоҳ бозии Суперҷоми Тоҷикистон доир мегардад
ДУШАНБЕ, 03.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2020 байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд баргузор мешавад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2020 байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷандро рефери ФИФА Насрулло Кабиров аз шаҳри Норак ҳакамӣ мекунад. Дар ин бозӣ ба Насрулло Кабиров ёварон Акмал Буриев (Турсунзода) ва Исмоил Нуралиев (Норак) кумак мекунанд. Гулмуроди Саъдулло дар ин вохӯрӣ довари эҳтиётӣ таъйин шудааст.
Ёдовар мешавем, ки бозии мазкур бинбар сар задани хуруҷи вируси корона бидуни тамошобин баргузор мешавад.
Суперҷоми Тоҷикистон-2020
4 апрел (шанбе)
Оғози бозӣ соати 17:00
«Истиқлол» – «Хуҷанд»
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Ёварони довар: Акмал Буриев (Турсунзода), Исмоил Нуралиев (Норак).
Довари эҳтиётӣ: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).
Нозири бозӣ: Раҳимҷон Шарипов (Душанбе
Комиссари бозӣ: Беҳруз Айниддинзода (Бохтар).
Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе








Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид






