Пайроҳаи қочоқ: Боздошти гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби фаромиллӣ ва мусодираи 70 кг воситаҳои нашъадор

Апрель 2, 2020 09:30

ДУШАНБЕ, 02.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Зимни баргузории корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гурӯҳи муташаккили ҷиноятии фаромиллӣ дар ҳайати 7 нафар, ки ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар дохил ва хориҷи мамлакат машғул буд, муайян ва дастгир карда шуд. Аз ин гурӯҳи муташаккили ҷиноии нашъаҷаллоб дар умум навъҳои гуногуни воситаҳои нашъадор дар ҳаҷми махсусан калон — 70 кг 283 гр дарёфту мусодира гардид. Дар ин бора аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҳамаи дастгиршудагон чун занҷира ва ҳалқаҳои ҷиноятӣ бо ҳамдигар пайваст ва робита дошта, воситаҳои нашъадорро аз гурӯҳҳои нашъаҷаллоби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба таври қочоқ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, сипас ба кишварҳои дигар интиқол медодаанд.

Роҳбари ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятии фаромиллӣ шаҳрванд Қурбонов Муқим Шералиевич, соли таваллудаш 11 январи 1976, сокини шаҳри Норак, Ҷамоати деҳоти Пули Сангин, деҳаи Кибил, ки дар байни гурӯҳҳои нашъаҷаллоб бо тахаллусҳои «Муқимча» ва «Бачаи кампир» маъруф аст, мебошад. Номбурда қаблан ду маротиба бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар Федератсияи Россия маҳбасӣ шудааст. Оиладор, соҳиби 3 зан ва 11 фарзанд мебошад.

Дар натиҷаи гузаронидани маҷмӯи корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт номбурда ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дастгир карда шуд. Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ аз манзили истиқоматии ӯ, воқеъ дар шаҳри Норак 13 кг 542 гр. воситаҳои нашъадори навъи ҳашиш, 221 гр афюн ва таблеткаҳои психотропии навъи «МДМА-экстазӣ» дарёфту мусодира гардиданд.

Дар идомаи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди пойтахт аъзои дигари ин гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби фаромиллӣ:
-Салимдодов Шамсудин Самиевич, соли таваллудаш 07 июли 1981, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Крупская;

-Назиров Сироҷ Сулаймонович, соли таваллудаш 18 сентябри 1981, зодаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 12 ва писарамаки ӯ

-Назиров Руҳангез Латифович, соли таваллудаш 19 феврали 1989, зодаи ноҳияи Шамсидини Шоҳин, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Чимтеппа, маҳаллаи Гулбутта-2, қаблан бо моддаи 200-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст;

-Латифов Зоир Гадоевич, соли таваллудаш 12 январи 1985, сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, деҳаи Кишт;

-Боронов Ҳикматулло Мирзоевич, соли таваллудаш 5 июни 1975, зодаи ноҳияи Муъминобод, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ, пеш бо моддаи 200 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шуда, моҳи ноябри соли 2019 ба озодӣ баромадааст;

-Қаландаров Доваршо Қаландарович, соли таваллудаш 1978, зодаи ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон дастгир карда шуданд. Дар доираи корҳои фаврӣ-тафтишотӣ аз ҳар кадоми онҳо воситаҳои гуногуни нашъадор дар ҳаҷми махсусан калон дарёфту мусодира карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки хариду фурӯш ва ҳама гуна амалиёти доду гирифти ғайриқонунии воситаҳои нашъадорро роҳбари гурӯҳи муташаккил Муқим Қурбонов назорат ва нақшабандӣ намуда, тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, аз ҷумла «Ватс-Ап», «Имо», «Вайбер» бо дигар ҳаммаслаконаш додугирифти воситаҳои нашъадорро ба роҳ мондааст. Далелҳои шайъӣ аз ҷараёни доду гирифти воситаҳои нашъадор дар ҳудуди кишварҳои хориҷӣ, ки дар вақти пешбурди корҳои фаврӣ-тафтишотӣ ба даст омаданд, исботи ин гуфтаҳоянд.

Ҳаммаслак ё шогирдони Муқим Қурбонов воситаҳои нашъадорро ба шаҳрҳои гуногуни кишварҳои хориҷӣ интиқол дода, дар махфигоҳ гузошта, расм ва схемаи макони гузоштаашонро тавассути интернет-моҳвора нусхабардорӣ намуда, ба роҳбари гурӯҳ Муқим Қурбонов мефиристодаанд. Баъдан Муқим Қурбонов схемаи мазкурро ба харидорони ин маводи заҳрогин ирсол менамудааст, ки дар навбати худ онҳо баъди дастрас намудани воситаҳои нашъадор маблағи онро тавассути низоми интиқоли пардохти электронии «Киви-кошелёк» ба суратҳисоби Муқим Қурбонов мегузарондаанд.
Чунончӣ, дар асоси маводи тафтишотӣ тасдиқ гардид, ки ин гурӯҳ охирин маротиба 10 октябри соли 2019  55 кг. воситаи нашъадори сахттаъсири навъи героинро ба яке аз давлатҳои ИДМ интиқол дода, бо схемаи махсуси интернетӣ ба гурӯҳҳои нашъаҷаллоби хориҷӣ фурӯхтаанд.

Айни замон нисбат ба ҳамаи 7 нафар дастгиршудагон тибқи талаботи моддаи 200, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Хариду фурӯши воситаҳои нашъадор ва пайроҳаи қочоқ дар ягон давру замон поянда нахоҳад буд. Пойдевор ва сарвате, ки тавассути нашъаҷаллобӣ ва маблағи аз ин ҳисоб бадастомада бунёд гардидааст, ноустувору бебақо хоҳад буд.

Апрель 2, 2020 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд
Оид ба Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Душанбе масоили муқовимат ба ҷинояткорӣ дар замони муосир баррасӣ шуд
Намояндаи Тоҷикистон татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаоварро дар ҷаласаи СҲШ муаррифӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо аъзои иттиҳодияи ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» вохӯрӣ намуд