Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Тибқи таълимоти дини мубини ислом саломатии инсон ва ҳифзи ҳаёти ӯ аз тамоми фаризаҳои дигар болотар аст»
ДУШАНБЕ, 23.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи Рамазони имсола, илова ба бемории хатарноки коронавирус, ба давраи авҷи кишту кори баҳорӣ ва ҷамъоварии ҳосили барвақтӣ баробар омад. Возеҳу равшан аст, ки тибқи таълимоти дини мубини ислом, саломатии инсон ва ҳифзи ҳаёти одамон аз тамоми фаризаҳои дигар болотар аст. Яъне мо набояд дидаву дониста, дар натиҷаи нанӯшидани об ва нахӯрдани хӯрок, ки хусусан ба саломатии калонсолон зарар дорад, ба ҷони худ ҷабр кунем ва ба худкушӣ даст занем. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз зимни Паёми шодбошии худ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон баён доштанд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар натиҷаи рӯзи дароз ташнаву гурусна будан масунияти бадани одам паст шуда, онро ба қабули ҳар гуна бемориҳои сироятӣ осебпазир мегардонад. Аксари фақеҳони исломӣ муқаррар кардаанд, ки ба кишоварзон, чорводорон ва шахсони машғул бо дигар касбу корҳои пурмашаққат, ки гуруснагӣ ё ташнагии сахт ба саломатии онҳо зарар мерасонад, хӯрдани рӯза иҷозат аст. Яъне шахсоне, ки осоиши ҷомеа аз касбу кори онҳо вобаста мебошад ва ба ибораи дигар, дар хизмати мардум ҳастанд, метавонанд дар асоси сабукиҳои зикршуда рӯзаи худро ба вақти дигар гузоранд.
«Ман аз ҳамаи онҳое, ки дар саҳро кор мекунанд ва ба истеҳсоли неъматҳои моддӣ машғуланд, даъват мекунам, ки ба хотири саломатии худ ва аҳли хонадон, ризқу рӯзии оилаашон ва мардуми мамлакат, инчунин таъмин кардани бозори истеъмолии мамлакат бо маводи ғизоӣ аз ин сабукӣ истифода карда, гирифтани рӯзаро ба вақти мусоиди дигар мавқуф гузоранд. Чунин одамон набояд ба ризқу рӯзии аъзои оилаашон зомин шаванд ва саломативу ҳаёти онҳоро таҳти хатар гузоранд»,-афзуданд Президенти мамлакат.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «агар имрӯз кор накунем, дар тирамоҳу зимистони дарпешистода рӯзгори ҳар як оила ба сахтиҳои зиёд дучор мешавад, қаҳтиву қиматӣ ва наҳсӣ ба вуҷуд меояд. Мову шумо набояд ба умеди дигарон шавем. Чунки имрӯзҳо ҳамаи кишварҳои олам дар фикри ҳалли мушкилоти худашон ҳастанд ва касе намедонад, ки ин ҳолат чӣ қадар идома меёбад ва дар пеш моро боз чӣ мушкилоти дигар интизоранд».








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






