Раиси ҷамоат баъди гирифтани ришва дастгир шуд
ДУШАНБЕ, 07.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд С.М.-ро боздошт намудаанд, ки ба даст задан ба амалҳои коррупсионӣ айбдор дониста мешавад.
Ба иттилои Агентии мазкур, номбурда дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷ.Балхии вилояти Хатлон кор карда, моҳи ноябри соли 2019 аз шаҳрванд «А» барои мусоидат намудан оид ба манзур намудани пешниҳод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ниҳияи Ҷ.Балхӣ ҷиҳати вобаста намудани 4,10 га. қитъаи замин маблағ талаб намудааст.
Гуфта мешавад, ки ӯ 1200 сомониро пешакӣ гирифта, овардани 4000 сомонии дигарро талаб кардааст.
«27 январи соли 2020 зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ шаҳрванд баъди аз «А» гирифтани 4000 сомонӣ аз тарафи кормандони Агентӣ дар ҷои ҳодиса дастгир гардида, далелҳои шайъӣ аз ӯ дарёфт ва гирифта шуданд», — омадааст дар иттилоияи манбаъ.
Нисбат ба С.М. бо моддаи 319, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.








ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд






