Сафири Тоҷикистон дар Чин бо Дабири кулли СҲШ дар Пекин мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 11.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел дар Пекин вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов доир гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо вазъияти бар асари ҳамагирии Covid-19 дар ҷаҳон бавуҷудомадаро баррасӣ карда, таъкид намуданд, ки кишварҳо, аз ҷумла давлатҳои узви СҲШ танҳо дар муттаҳидӣ ва бо кумаки ҳамдигар метавонанд бар ин вабо пирӯз шаванд.
Дар вохурӣ инчунин бобати рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ дар чаҳорчӯби Созмон, аз ҷумла омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои асосии Созмон дар давраи раёсати Тоҷикистон, аз ҷумла ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ дар шаҳри Душанбе соли 2021 ва дигар чорабиниҳо ба муносибати 20-умин солгарди таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба давраи раёсати Тоҷикистон дар ин Созмон рост меоянд, табодули назар сурат гирифт.
Акс аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид






