Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷараёни иншооти бунёдшаванда дар ноҳияи Данғара шинос гардид
ДУШАНБЕ, 07.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни иншооти бунёдшаванда ва корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафар кард. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.
Зимни сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Данғара аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти бунёдшаванда дидан намуданд.
Қоҳир Расулзода аз даромадгоҳи нақби обёрии Данғара, воқеъ дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии Ҷамоати деҳоти «Себистон»-и ноҳияи Данғара боздид намуд. Дар аснои шиносоӣ таъкид карда шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти норасоии оби нӯшокӣ дар ноҳия ҳарчи зудтар бартараф карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи Данғара Сарвазири мамлакат аз боғи навбунёди хоҷагии деҳқонии «Хуросон» ва корхонаи мевахушккунӣ дидан намуд.
Тавре ба Қоҳир Расулзода иттилоъ доданд, боғи навбунёд дорои сад ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳанда, аз қабили гелос, олу, себ, зардолу, шафтолу ва дигар намуди меваҳо мебошад. Инчунин меҳмонон аз корхонаи мевахушккунӣ, ки сохтмони он дар айни замон ҷараён дорад, дидан намуданд.
Қоҳир Расулзода ва ҳамроҳонаш аз беморхонаи сироятӣ барои 200 кас ва бинои Суди ноҳияи Данғара, ки сохтмонашон дар ҳоли анҷомёбист, боздид намуданд.
Дар ҷараёни сафари хеш Сарвазири мамлакат аз корхонаи «Фарм Текс»-и ноҳияи Данғара дидан намуд. Корхонаи мазкур ба истеҳсоли маводи басту банди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ машғул буда, дар маҷмӯъ 13 номгӯй маҳсулот истеҳсол мекунад.
Дар ин шабу рӯз корхона истеҳсоли ниқобҳои босифати аз дока ва пахтаи маҳаллӣ таҳиягардида ва маводи истифодаи гигиенаи шахсиро ба маротиб афзун карда, моҳи марти соли равон ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз аз 20 то 25 ҳазор ниқоб ва маҳлули безараргардонӣ истеҳсол намудааст. Айни замон корхона дорухонаҳои шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои тиббии мамлакатро бо ин маҳсулот таъмин менамояд.
Корхонаи «Фарм Текс» дар як шабонарӯз имконият дорад 2 ҳазор килограмм пахтаро коркард карда, дар доираи стандартҳои ҷорӣ дар навбати аввал пахтаи гигроскопии сафедкардашуда омода намуда, сипас пахтаи тиббӣ, пахтаи стоматологӣ дар шакли тампон, салфеткаҳои пахтагиву докагӣ, пахта ва навъҳои гуногуни бинти тиббии тамизшуда ва лейкопластир истеҳсол намояд.
Мавриди зикр аст, ки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода роҳбарии гурӯҳи кории ҳукуматӣ доир ба бунёди иншоот бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ба уҳда дорад.














Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад






