Ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон раисони як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ телефонӣ ҳисобот доданд

Апрель 8, 2020 18:51

ДУШАНБЕ, 08.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 8 апрел ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Сангвор, Нуробод ва Файзобод телефонӣ ҳисобот доданд.

Дар ҷараёни суҳбати телефонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони ноҳияҳои номбаршударо оид ба рафти тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ва кишту кори баҳорӣ шуниданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони ноҳияҳо доир ба вусъати кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки замин ва таъмини фаровонии бозори истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ супоришҳои қатъӣ доданд.

Бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо супориш доданд, ки нақшаи ҷумҳуриявии кишти зироатҳо, ба хусус картошкаро бознигарӣ карда, майдони кишти онро 40-50 фоиз зиёд намоянд.

Раисони ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки дар баробари иҷрои корҳои кишоварзӣ ба тадбирҳои ободонию созандагӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба тозаю озода нигоҳ доштани коргоҳ, маҳалли зист, истифодаи маслиҳатҳои мутахассисони соҳаи тиб ва риояи гигиенаи шахсӣ, чораҳои мушаххас андешанд.

Апрель 8, 2020 18:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд