Шаҳринав: мавзеъҳои нотакрори «Тахти Сулаймон» ва «Обиборик» таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб намудаанд
ДУШАНБЕ, 22.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мавзеъҳои зебоманзари «Пушти миёна», «Патру», «Ҳакимӣ», «Обиборик», «Тахти Сулаймон», кӯлҳои «Темурдара», «Париён», «Ҷувозак» ва истироҳатгоҳи муолиҷавии Қаратоғ барои рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Шаҳринав нақши муассир бозида, барои сайру саёҳат маконҳои беҳтаринанд. Аз ин рӯ онҳо таваҷҷуҳи садҳо нафар сайёҳони ватанию хориҷиро ба худ ҷалб намудаанд.
Ноҳияи Шаҳринав дорои боду ҳавои мусоид, меваҳои шаҳдбор, манзараҳои нотакрори табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳо, обҳои ширини шифобахш, кӯлҳо, чашмаҳои мусаффо, гиёҳҳои шифобахш, ҳайвоноту наботот, як олами нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад. Аз ин рӯ, дар он сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, зиёратӣ, таърихию фарҳангӣ ва шикору моҳидорӣ рушд ёфта, ҳамасола ба маконҳои зебоманзари ноҳия сайёҳони ватанию хориҷӣ ташриф меоранд.
Ин матлаб дар ҳамоише, ки дирӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав дар заминаи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия оид ба рушди сайёҳии экологӣ баргузор гардид, зикр шуд. Дар он намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав, масъулини сохторҳои марбути соҳаи сайёҳӣ, соҳибкорони маҳаллӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, ҳунармандон ва фаъолони ҷомеа ширкат доштанд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани касбият ва тахассуснокии масъулини соҳа, таҳти назорати қатъӣ қарор додани ҳолати санитарию гигиении ошхонаву ҳаммом, мабразу дастшӯйгоҳҳо бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сирояткунанда, рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ, бунёди пойгоҳҳои кӯҳнавардӣ дар мавзеъҳои кӯҳӣ, рушди инфрасохтори деҳот, дар мазеъҳои кӯҳӣ сохтани меҳмонхонаҳои хурди қабули сайёҳон, ташкили омӯзишҳо бо ҷалби соҳибкорон дар самти рекламаҳои иҷтимоӣ, ташаккул ва бизнеси сайёҳӣ, ташкили иқлими мусоиди сармоягузорӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба инфрасохтори сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.








Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид






