Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа машварати видеоӣ анҷом дод

Апрель 20, 2020 08:30

ДУШАНБЕ, 20.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 17 апрел бо сафирони Тоҷикистон  дар Россия, Қазоқистон, Белгия, Швейтсария, Австрия ва Ҳиндустон конфронси видеоӣ доир намуд. Дар  он  натиҷаҳои машварати видеоӣ бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии мамлакат дар хориҷа, ки 7 апрели соли ҷорӣ баргузор гардида буд, баррасӣ  шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар машварати видеоӣ тадбирҳои андешидашуда баҳри ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷа қарор доранд, таҷрибаи дигар давлатҳо дар муқобила бо бемории ҳамагир — COVID-19 ва ғайра баррасӣ гардида, гузоришҳои сафирони Тоҷикистон шунида шуданд.

Дар охири ҷаласа ба намояндагиҳои дипломатӣ дастурҳои мушаххас ҷиҳати сари вақт баррасӣ кардани муроҷиатҳои шаҳрвандони мамлакат, вусъат додани корҳои тавзеҳотӣ дар байни ҳамватанон ва рушди ҳамкории иқтисодӣ бо кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилалӣ дода шуданд.

Акс аз ВКХ ҶТ

Апрель 20, 2020 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд