Соҳибкорону саховатпешагони ноҳияи Лахш ба 250 нафар кумак расониданд

Апрель 1, 2020 17:20

ЛАХШ, 01.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш дар якҷоягӣ бо соҳибкорони ватанӣ ба 250 нафар  шахсони имконияташон маҳдуд,  маъюбону  шахсони яккаву танҳо ва оилаҳои дорои ду ва зиёда маъюби  ноҳия маводи хӯрокворӣ кумак намуданд. Дар ин бора роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Лахш Хуршед Икромӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Зикр шуд, ки хушбахтона, имрӯзҳо дар асоси сиёсати хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ноҳияи Лахш  роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ, соҳибкорон  ва ҳамаи онҳое, ки имконият доранд, ҳамчун шахсони  ватандӯсти мамлакат дар корҳои хайру савоб саҳми арзанда мегузоранд.

Ба ин восита ҳамватанони мо дар  рӯзҳои мушкили зиндагиашон аз таваҷҷуҳу дастгирии  ҳукумати ҷумҳурӣ ва соҳибкорони ватандӯст бархурдор мегарданд.

Апрель 1, 2020 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид