Суғд: Бо мақсади пешгирӣ аз коронавирус 10 миллион дона ниқоби тиббӣ захира карда мешавад
ДУШАНБЕ, 03.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар корхонаҳои «Нассоҷи Хуҷанд» ва «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд бо назардошти зиёд гардидани ҳолати сироятёбӣ аз коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон ва бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии мамлакат истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар сурати зарурӣ метавонанд аҳолии вилоятро бо ниқобҳои тиббӣ пурра таъмин намоянд. Дар ин бора зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти ин корхонаҳо иттилоъ дода шуд.
Дар ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», ки ба истеҳсоли матоъҳои хушсифати пахтагин машғул аст, айни замон ду намуди ниқоби тиббӣ бо истифода аз дока ва хомсуф тайёр карда мешавад. Корхона дорои иқтидори бузург буда, метавонад миллионҳо дона ниқоби тиббӣ истеҳсол ва вориди фурӯшгоҳҳо созад.
Раиси вилоят ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки баҳри пешгирии қиматшавии нарх ва дар вақти зарурӣ пешниҳоди аҳолӣ намудани ниқобҳои тиббӣ истеҳсоли ин навъи маҳсулот зиёд карда шуда, то 10 миллион дона ниқоби тиббӣ захира намоянд.
Истеҳсоли ниқоби тиббӣ дар ҶДММ «Ҷавонӣ» низ ба роҳ монда шуда, ҳамарӯза дар ин корхона 100 000 дона ниқоби тиббӣ истеҳсол мегардад. Корхона ҳамзамон бо чанд ширкати аврупоӣ низ шартнома дошта, тибқи фармоиш ниқобҳои тиббии баландсифат истеҳсол ва ба хориҷ содирот менамояд.
Корхонаҳои нассоҷии вилоят барои истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ захираи кофӣ дошта, дар сурати зарурӣ метавонанд аҳолии вилоятро бо ниқобҳои тиббӣ пурра таъмин намоянд.
Хушбахтона, то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, новобаста ба ин ҷиҳати пешгирии ин вирус тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






