Вазорати кишоварзӣ талош дорад теъдоди гармхонаҳои доимиро зиёд ва ҳосилнокии онҳоро афзун гардонад

Апрель 22, 2020 10:25

ДУШАНБЕ, 22.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. То 17 апрел дар гармхонаҳои мамлакат дар ҳаҷми 757,7 тонна помидор, 192,4 тонна бодиринг ва 235,4 тонна дигар намуди сабзавот истеҳсол ва  ба бозор пешниҳод гардидааст. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, то аввали моҳи апрел дар ҷумҳурӣ аз 83,2 гектар гармхонаҳо 781,3 тонна сабзавот ҷамъоварӣ гардид, ки нисбат ба соли гузашта 27,5 фоиз зиёд мебошад.

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кӯшиш менамояд, ки баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза дар ҳамаи фаслҳои сол майдонҳои умумии гармхонаҳои доимиро тибқи нақша сол аз сол зиёд намуда, ҳосилнокии онро афзун гардонад.

Дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, имрӯзҳо парвариши  сабзавот дар гармхонаҳо бештар гардидааст, ки ин раванд ба таъмини сокинон бо маҳсулоти ватании аз лиҳози экологӣ тоза саҳм мегузорад.

Дар шароити иқлими Тоҷикистон дар гармхонаҳо метавон тӯли тамоми сол ҳосил ва даромад ба даст овард. Сабзавоти ботароват ва баландсифат дар ҳар мавсими сол манбаи ғизои дуруст ва солимии аҳолии мамлакат мебошад. Инчунин истифодаи гармхонаҳои мавсимӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ ба манфиати сокинон мебошад. Зеро дар ин шабу рӯзе, ки ҷаҳонро бемории ҳамагири коронавирус фаро гирифтааст, мо беш аз пеш ба сабзавоту меваҳои босифат ниёз дорем ва тавассути истеъмоли онҳо масунияти бадан баланд мегардад.

Парвариши сабзавот дар гармхонаҳо яке аз самтҳои фаъолияти пурсамари кишоварзон дар мамлакат буда, ин раванд бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва ҷорӣ намудани усулҳои муосир дар истеҳсолот аз ҷониби хоҷагидорон амалӣ карда мешавад.

Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 марти соли равон аз гармхонаи замонавӣ дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2»-и ноҳияи Спитамен дидан намуданд. Дар ин гармхонаи замонавӣ  дар марҳилаи аввал дар як гектар 26 ҳазор кӯчати помидор шинонида шуда, 60 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ гардида буд. Имсол бо истифода аз таҷрибаи соли гузашта ва тарҳрезии нақшаҳои нав бо интихоби тухмиҳои серҳосил дар назар аст, ки то 100 тонна ҳосил рӯёнида шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди истифода аз усулҳои замонавӣ ва технологияи муосир дар гармхона барои парваришу истеҳсоли сабзавоти босифату аз ҷиҳати экологӣ тоза таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ин иқдоми соҳибкори ватаниро намунаи ибрат ва дастгирӣ арзёбӣ карданд. Инчунин зимни суҳбат бо кишоварзону аҳли заҳмати ноҳияи Спитамен ба онҳо барои боз ҳам зиёд кардани масоҳати гармхонаҳо, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи пурсамари заминҳои корам ва бо ин роҳ саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Имсол кишоварзон ният доранд, ки минтақаҳои дурдасти мамлакатро низ дар ҳама фасли сол бо маҳсулоти ватанӣ таъмин намоянд. Зеро сабзавоти тару тоза манбаи асосии витаминҳо ба шумор меравад.

Апрель 22, 2020 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд