ВКХ: муҳлати эътибори раводид ва бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ, ки муваққатан дар ҳудуди Тоҷикистон қарор доранд, тамдид мешавад

Апрель 10, 2020 16:20

ДУШАНБЕ, 10.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо дарназардошти ҳамагирии коронавируси COVID-19 ва вазъи бавуҷудомадаи эпидемиологӣ, муҳлати эътибори раводид ва бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки муваққатан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, то ба эътидол омадани вазъ тамдид мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ барои тамдиди раводид метавонанд ба Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагии Вазорати корҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд ва ҷиҳати тамдиди муҳлати бақайдгирӣ ба воҳидҳои сохтории Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Бояд таъкид кард, ки тамоми дархостҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ мувофиқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории мамлакат мавриди баррасӣ ва иҷрои фаврӣ қарор дода мешаванд.

Мушаххасоти тамос
Сарраёсати консулӣ Намояндагии Вазорати корҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд
шаҳри Душанбе

кӯчаи Пушкин, 34

тел: 227-63-63

e-mail: info@consular.tj

шаҳри Хуҷанд

кӯчаи М. Танбури, 5

тел: +992 000104244

e-mail: rep.sughd@mfa.tj

Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ
Қабулгоҳ: 227 55 54

 

Муовини сардор: 227 17 35

 

Муовини сардор: 227 86 31

ХШБ дар вилояти Суғд: 927775502

 

ХШБ дар вилояти Хатлон: 904170808

 

ХШБ дар ВМКБ: 935028336

 

ХШБ дар Рашт: 981007112

Апрель 10, 2020 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд