«Овозаҳо нисбат ба фавти ману модарам ва чор нафар аъзои оилаамон воқеият надоранд», — мегӯяд Ӯткир Ҳабибуллоҳзода

Апрель 15, 2020 17:00

ДУШАНБЕ, 15.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. «Овозаҳо оид ба фавти модарам, ману додарам ва боз се ҷиянам, дар умум шаш нафар аъзои оилаи мо, ки дар баъзе сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидаанд, воқеияти аслӣ надорад.  Мо ҳама сиҳату саломатем. 10 рӯз мешавад, ки мо-18 нафар аъзои оилаамон, 9 нафар калонсол ва 9 нафар кӯдакон, ки аз ҳама хурдиамон 1 солаву 3-моҳа аст, шурӯъ аз 5 апрел дар Беморхонаи вилоятии физиотерапевтии «Ғӯлакандоз», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов дар карантин қарор дорем. Дар назар аст, ки 19 апрел, баъди 14 рӯзи пурра шудани он моро ҷавоб диҳанд, зеро тибқи маълумоти пизишкон вазъи саломатии ҳамаи аҳли хонаводаамон- аз модарам то кӯдакчаи хурдсоламон хуб аст». 

Чунин изҳор дошт Ӯткир ҲАБИБУЛЛОЗОДА (ДАР АКС) зимни суҳбат  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд Абдуаҳад ДАДАБОЕВ.

 Хотиррасон менамоем, ки падари Ӯткир сокини 60 – солаи  деҳаи Гулафшони Ҷамоати деҳоти «Ҳаёти нав»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов Ҳабибулло Шодиев рӯзи 1 апрел аз бемории илтиҳоби шуши дутарафа фавтида буд.

 Мавсуф мегӯяд, ки  нисбат ба кормандони тиббӣ ва шароити нигоҳубин ягон шикоят надоранд. Зеро шароити ҷойи хоб, 3 маҳал таъминот бо хӯрокӣ ва нигоҳубин аз ҷониби духтурон ва ҳамширагон хуб буда, онҳо аз ғамхории Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва кормандони табобатгоҳ розӣ ва миннатдоранд.

Ҳамзамон доир ба овоза ва сару садоҳои гуногун нисбат ба вазъи саломатии аҳли ин оила Ӯткир Ҳабибуллоҳзода гуфт, ки  аз шунидани ҳар гуна овозаҳои нодуруст баъзан кас ғамгин ҳам мешавад, вале шукри Худо, ки ҳамарӯза бисёр нафарон аз аҳволашон пурсон мешаванд ва ин ба онҳо қувваю неруи тоза мебахшад.

«Ҳоло оилаи мо дар карантин, таҳти назорати доимии духтурони табобатгоҳ қарор дошта, дар ягон нафари мо нишонае аз ягон бемории сироятӣ ошкор нашудааст, ҳамширагони шафқат ҳар ду соат ҳарорати баданамонро санҷида истодаанд. Инчунин кормандони Хадамоти беҳдоштӣ ва эпидемиологии  вилояту ноҳия низ  2 маҳал – саҳарӣ ва бегоҳӣ аз ҳоли мо хабар гирифта истодаанд»,-гуфт Ӯткир Ҳабибуллоҳзода.

Номбурда  мегӯяд, ки ҳамаи овозаҳо дар мавриди он ки гӯё падар ва аҳли оилаи онҳо ба бемории сироятӣ мубтало гашта бошанд, ягон асос надорад.

Ягон нафар аз оилаамон ба давлатҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Қирғизистон умуман нарафтаанд. Танҳо ман худам соли 2019 давоми панҷ моҳ ба Федерасияи Россия рафта, 1 ноябр ба хона баргашта будам. Оилаи мо хоҷагии деҳқонӣ дорад, ки падарам раиси он буданд, баъди аз Россия омадан ман ҳамроҳи он кас якҷоя ба корҳои саҳроӣ, чун кишти баҳориву яхобмонӣ овора будем. Он рӯзҳои сард падарам каме оби хунук нӯшида буданд ва ҷигарашонро низ шамол зада буд. Дар рӯзҳои наврӯзӣ  аввал гулӯяшон дард кард, гумон кардем зуком бошад, чанд рӯз дар хона муолиҷа кардем, вале ҳолаташон беҳтар нагардид. 28 март  падарамро ба шифохонаи марказии ноҳия бурдем, он ҷо ташхис кардаа, гуфтанд, ки он кас пневмонияи дутарафа доранд.

Модарам, ки дарди дил доранд, чанд муддат дар беморхонаи кардиологӣ табобат гирифта баромаданд. Дар ин муддат духтурон ташхиси маризии падарамро гирифта, ду маротиба ба маркази вилоят ва пасон ба пойтахт фиристоданд.

Пас аз сиҳатёбии модарам падарам давоми се рӯз бетоб шуданду ба шуъбаи эҳё фаромада, рӯзи сеюм  фавтиданд.

Пас аз фавти падарам, 1 апрел бегоҳӣ тасдиқи ҷавоби ташхис омад, ки фавти он кас ба сирояти коронавирус ягон алоқамандӣ  надоштааст. 2 апрел ба мо- аҳли оилаю хешу табор иҷозат доданд, то падарамро дафн кунем. 10 апрел падарам ба синни 60 пурра расиданд»,-муфассал шарҳ дод Ӯткир Ҳабибуллоҳзода.

Мавсуф ҳамзамон вобаста ба фавти боз як сокини ҳамин ноҳия, ки 11 апрели соли равон ба вуқӯъ омад ва ба саволи он ки бо оилаи он кас ягон наздикӣ доранд, посух дод, ки Ҳоҷимуҳаммад Тошев ҳамкори амакаш Абдуҷалил Шодиев буда, дар беморхонаи минтақавии «Ӯзбекқишлоқ»-и ноҳия  зери назорати  карантинӣ қарор дошт. Вай  аз бемории ишемиявии дил, фишорбаландии дараҷаи 2, хатари 4 фавтид. Гарчанд ҳарду дар шуъбаи маорифи ноҳия фаъолият дошта бошанд ҳам, бо онҳо ягон хешутаборӣ надоранд. Он кас дар деҳаи Зарафшони ҷамоати Сомониён  ва оилаи онҳо дар деҳаи Гулафшони ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав зиндагӣ доранд.

Ӯткир илова намуд, ки пас аз чор рӯзи фавти падараш, амакаш Абдуҷалил Шодиев, ки ҳоло саломатии он кас ҳам хуб гардидааст, низ бо баландшавии ҳарорат ва дар ин робита 18 нафар аҳли оилаи онҳоро низ ба карантин фаро гирифтанд.

Тибқи маълумоти шуъбаи омори ноҳия,  ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҷамоати шаҳраки Меҳробод ва 5 ҷамоати деҳот, чун Ғӯлакандоз, Деҳмой, Сомониён, Ҳаёти нав, Гулхона ва 28 деҳа иборат буда, шумораи умумии аҳолии он ба ҳолати 1 январи соли 2020 140 ҳазору 828 нафарро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Суғд ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва ба ин нигоҳ накарда, аз ҷониби масъулини соҳаҳои дахлдор, хосатан муассисаҳои тандурустӣ баҳри пешгирӣ ва паҳншавии вуруди ин вирус чораҳои амалӣ пурзӯр гардидаанд.

Бино ба иттилои масъулини Раёсати тандурустии вилояти Суғд, бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус дар вилояти Суғд дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ситоди вилоятӣ ташкил ва ҷаласаҳои он мунтазам баргузор гардида истодаанд.

Бо мақсади бо маводи безараргардонӣ, либосҳои муҳофизатӣ, ниқобҳо, дастпӯшакҳои яккарата, ҳароратсанҷ, маводи дорувории зиддивирусӣ, маҳсулоти хӯрокӣ ва инвентари нарм таъмин намудани беморхонаҳо тибқи қарори раиси вилоят маблағҳои зарурӣ ҷудо гардидаанд.

Ҳамзамон дар шуъбаҳои сироятии беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилоят 1030 кат ва дар 3 беморхонаи касалиҳои сироятӣ зиёда аз 1700 кат ҷойҳои захиравии карантинӣ ташкил гардида, муассисаҳои тандурустӣ бо 100 ҳазор ниқоби яккарата, 32,2 тонна маводи безараргардонӣ, зиёда аз 112 ҳазор адад дастпӯшак ва 2047 адад корҷома таъмин буда, шуъбаҳои эҳёгарӣ ва ҳуҷраҳои муолиҷаи интенсивӣ бо 121 адад дастгоҳи нафаси сунъӣ, 144 адад оксигенератор,121 адад кардиомонитор, 79 адад пулсоксиметр ва 69 адад ларингоскоп муҷаҳҳаз мебошанд.

Инчунин то 14 апрели имсол дар миқёси вилоят бемориҳои сироятии ниҳоят хавфноки тезпаҳншаванда ба қайд гирифта нашудаанд.

Апрель 15, 2020 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РИСОЛАТИ ТАЪРИХИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Андешаҳо ба ифтихори 30-солагии таъсиси ҳизб
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ифодагари ғамхории Пешвои миллат нисбат ба мардуми Тоҷикистон аст
«СИФАТИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ». Доир ба беҳтар намудани кумаки статсионарӣ ба модарон, навзодон ва кӯдакон машғулият доир гардид
Давоми шабонарӯзи охир бар асари бориши шадид дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сел ба амал омад
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Вазири корҳои дохилӣ бо ҷавонони фаъол вохӯрӣ намуд
Директори Хазинаи байналмилалии асъор бо занони пешсафи тоҷик мулоқот намуд
МОҲВОРАИ ҶАВОНОН. Дар шаҳри Бохтар Фестивали бозиҳои миллӣ баргузор гардид
«МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Таҳти чунин унвон конференсияи 4-уми байналмилалии илмӣ-амалӣ доир шуд
БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Панҷ бо афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ вохӯрӣ доир гардид
Дар Душанбе масъалаи фарогирии умумӣ ба хизматрасонии тандурустӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ мулоқот доир гардид
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Давоми чор рӯз дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва сел пешгӯӣ мешавад