Баъди анҷоми пандемия кумак намудан ба кишварҳои камбизоат ба манфиати ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад буд

Май 7, 2020 10:45

ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумак намудан ба кишварҳои камбизоат  баъд  аз пандемияи коронавирус   ин ба манфиати ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, менависад муовини Дабири кулли СММ, ҳамоҳангсози  масоили  кумаки башардӯстона Марк Лоукок.

Тавре «АЗЕРТАДЖ»   бо истинод ба  «Гардиан»  хабар медиҳад, агар  ба кишварҳои ҷаҳони сеюм  дар ҳаҷми 90 миллиард доллари ИМА  кумак  расонда нашавад,  оламро  низоъҳои  ҷангӣ, гуруснагӣ,  камбизоатӣ  ва харобию  бесарусомонӣ  фаро мегирад.  Бинобар ин, расонидани кумак ҳаётан муҳим аст, чунин меҳисобад  мансабдори СММ.

Лоукок дар ин маврид фикрашро чунин баён намудааст: «Ин кумак танҳо як фоизи он маблағе мебошад, ки кишварҳои  сарватманд аллакай барои мубориза  бо пандемия сарф кардаанд».  Аз рӯи натиҷагириҳо, истеҳсоли  ҷаҳонӣ  дар соли равон  3 дарсад коҳиш хоҳад ёфт, ки  ин бӯҳрони бузургтарин аз замони таназзули иқтисодӣ мебошад. Аз се ду ҳиссаи маблағи заруриро   метавонанд  Хазинаи байналмилалии асъор ва Созмони байналмилалии тиҷорат пардохт намояд.

Дарк намудани   оқибатҳои гарони таназзули иқтисодие, ки  ин офат расонидааст, ҷаҳонро  ҳанӯз дар пеш аст. Пандемия қисмати пешрафтаи ҷомеаи ҷаҳониро  рӯ ба таназзул намуда,  ба кишварҳои қашшоқ  зарбаи харобиовар ва тахрибкорона расонд. Чунин вазъият аз кишварҳои сарватманд ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ куллан тағйир додани муносибат, усулҳои маблағгузорӣ  ва арзёбиро тақозо менамояд. Шакли ҷаҳонии  савдо, ки то замони пандемия вуҷуд дошт, ба коми нестӣ фурӯ рафт. Вазъи  фавқулоддаи кунунӣ амалҳои  ғайриқолабиро тақозо мекунад.

Ба ибораи дигар, агар барои кишварҳои сарватманд хароҷот то як фоиз афзоиш ёбад, пас созмонҳои молиявӣ  вазифадоранд, ки  шартҳои қарздиҳӣ  ва усулҳои арзёбии онро  куллан тағйир диҳанд.

Агар имрӯз  ин кор анҷом напазирад, пас бӯҳрон боз ҳам тезу тунд шуда, яке паси ҳам кишварҳоро фаро мегирад ва дунё    ба муддати тӯлонӣ  бо гуруснагӣ, муҳоҷирати беназорат, радикализм ва терроризм  рӯ ба рӯ  хоҳад  шуд.

Май 7, 2020 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид