Биолог узвҳоеро номбар намуд, ки баъд аз COVID-19 бояд ташхис карда шаванд

Май 27, 2020 10:32

ДУШАНБЕ, 27.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Баъди аз сар гузаронидани  бемории COVID-19, пеш аз ҳама, бояд шуш, гурдаҳо ва мағзи сар ташхис  карда шаванд, хабар додааст ба «РИА Новости» профессори  Донишгоҳи  Ҷорҷ  Мейсон (ИМА), доктори илмҳои биологӣ Анча Баранова.

«Зарур аст, ки  баъд аз бемории COVID-19  бояд се узви асосии бадан  -шуш, мағзи сар ва гурдаҳо бо ташхиси ҳатмӣ   фаро гирифта шаванд. Барои санҷидани шуш назди духтури шуш бояд рафт. Гурдаҳо низ ба санҷиши ҷиддӣ ниёз доранд. Ҳолати онҳоро таҳлили маъмулии биохимияи хун  нишон хоҳад дод, ба ин восита метавон фаъолияти гурдаҳоро муайян намуд. Агар ҳамааш хуб бошад, назди духтури гурда рафтан зарур нест, дар ҳолати ҷой доштани ноҷурӣ  беҳтар аст, ки пеши табиб биравед»,- гуфт Баранова.

Ба қавли профессор Баранова,  аллакай далелҳое мавҷуданд, ки COVID-19 ба кори гурдаҳо  таъсир  мерасонад.  Ҳангоми  ташхиси хун ба нишондиҳандаи суръати ихроҷи  гурдаҳо диққат додан зарур аст.

Ин табиби биолог  дар ҷараёни фикраш чунин изҳор намуд: «Узви сеюми асосӣ-  майнаи сар, фаъолияти  системаи асаби марказӣ  ва  канорӣ аст. Тавре борҳо зикр гардидааст, вирус метавонад  сабаби  пайдошавии газаки мағзи сар бишавад».

Баранова ёдрас намуд, ки баъди коронавирус хотираи инсон суст мешавад, ҳамзамон қобилияти  мутамарказ намудани фикр коҳиш ёфта,  дарди сар пайдо мегардад.

«Одатан, одамон бо чунин мушкилот назди табиб намераванд, аммо дар назария  инро сарфи назар кардан  нашояд ва барои ҳалли ин мушкилӣ духтури асабшинос метавонад кумак кунад»,- гуфт олим.

Рӯзи 11 март Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хуруҷи сирояти коронавируси  COVID-19 -ро пандемия эълон кард. Мувофиқи маълумоти охирини СУТ, дар ҷаҳон  5,3 миллион ҳодисаи беморӣ қайд гардида, беш аз  342 ҳазор нафар  фавтидаанд.

Акси «РИА Новости»

Май 27, 2020 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн