COVID-19 : Чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус дар Ёвон пурзӯр мегарданд

Май 2, 2020 10:23

ЁВОН, 02.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ситоди ноҳиявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавируси COVID-19 дар ноҳияи Ёвон бо истифода аз техникаи соҳавӣ ва маводи зиддиэпидемикӣ тадбирҳои пешгирикунандаро ба таври мунтазам амалӣ менамояд.

Хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд итилоъ медиҳад, ки мутахассисони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва дезинфексионии ноҳия ҳамарӯза 80-100 хонаи истиқоматии шаҳрвандон, корхонаву муассисаҳо ва роҳҳои мошингарду пиёдагардро бо маҳлулҳои «Алмадез», гипохлориди натрий ва хокаи хлор безарар мегардонанд.

Дар назди беморхонаи марказии ноҳия ситоди доимоамалкунандаи зиддиэпидемикӣ ва  87 бригадаи табибон, ҳар яке дар ҳайати 30-нафарӣ, таъсис дода шудааст. Бригадаҳои мазкур ҳамарӯза тариқи усули «Хона ба хона» аз 1500 то 2000 хонаводаро ба корҳои фаҳмондадиҳӣ фаро мегиранд.

Тибқи иттилои  кормандони беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон, имрӯзҳо 3000 дона ниқобҳои бисёристифодашавандаи тиббӣ, 1000 ҷуфт дастпӯшакҳои тамизшуда, 2000 ҷуфт дастпӯшакҳои якккарата, 200 шиша маҳлули зиддисептикӣ, 20 қуттӣ аналгин, 50 қуттӣ димедрол, 50 қуттӣ новокаини 0,5-фоиза, 30 қуттӣ лидокаини 1-фоиза, 800 адад система, 300 шиша метронидазол, 500 шиша рингери 500 миллилитра, 30 шиша рингери 250 миллилитра, 140 шиша маҳлули натрий-хлориди 500 миллилитраи 0,9 фоиза, 200 шиша маҳлули натрий-хлориди 200 миллилитраи 0,9-фоиза, 1600 шиша сефртиаксон, 800 шиша сефазолин, 20 қуттӣ рибоксин, 20 қуттӣ кислотаи аскорбинӣ, 40 баста диазолин (ҳаб) , 260 ампула дексамитазон, 6 баста фурасимед (ҳаб), 250 шиша амоксасилин, 1500 адад скарификтор, 24450 адад сӯзандору ва 120 кг гипохлорид захира карда шудааст.

Дар шуъбаи сироятии беморхонаи марказии ноҳия изоляторҳо бо 50 кат, инчунин 4 бокс ва маводҳои зарурӣ захира гардида, як ҳуҷраи интенсивӣ, 4 оксигенератор, 6 таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ ва 8 нафар табибон дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки аз моҳи феврали соли равон то имрӯз 6 нафар сокинони ноҳия, ки аз хориҷи кишвар баргашта буданд, ба муҳлати 14 рӯз таҳти табобати карантинӣ фаро гирифта шуданд. Гирифторони бемории илтиҳоби шуш (навъҳои вазнин ва музмин) дар ин давра ба қайд гирифта нашудаанд.

Май 2, 2020 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»