COVID-19 : Чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус дар Ёвон пурзӯр мегарданд
ЁВОН, 02.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ситоди ноҳиявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавируси COVID-19 дар ноҳияи Ёвон бо истифода аз техникаи соҳавӣ ва маводи зиддиэпидемикӣ тадбирҳои пешгирикунандаро ба таври мунтазам амалӣ менамояд.
Хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд итилоъ медиҳад, ки мутахассисони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва дезинфексионии ноҳия ҳамарӯза 80-100 хонаи истиқоматии шаҳрвандон, корхонаву муассисаҳо ва роҳҳои мошингарду пиёдагардро бо маҳлулҳои «Алмадез», гипохлориди натрий ва хокаи хлор безарар мегардонанд.
Дар назди беморхонаи марказии ноҳия ситоди доимоамалкунандаи зиддиэпидемикӣ ва 87 бригадаи табибон, ҳар яке дар ҳайати 30-нафарӣ, таъсис дода шудааст. Бригадаҳои мазкур ҳамарӯза тариқи усули «Хона ба хона» аз 1500 то 2000 хонаводаро ба корҳои фаҳмондадиҳӣ фаро мегиранд.
Тибқи иттилои кормандони беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон, имрӯзҳо 3000 дона ниқобҳои бисёристифодашавандаи тиббӣ, 1000 ҷуфт дастпӯшакҳои тамизшуда, 2000 ҷуфт дастпӯшакҳои якккарата, 200 шиша маҳлули зиддисептикӣ, 20 қуттӣ аналгин, 50 қуттӣ димедрол, 50 қуттӣ новокаини 0,5-фоиза, 30 қуттӣ лидокаини 1-фоиза, 800 адад система, 300 шиша метронидазол, 500 шиша рингери 500 миллилитра, 30 шиша рингери 250 миллилитра, 140 шиша маҳлули натрий-хлориди 500 миллилитраи 0,9 фоиза, 200 шиша маҳлули натрий-хлориди 200 миллилитраи 0,9-фоиза, 1600 шиша сефртиаксон, 800 шиша сефазолин, 20 қуттӣ рибоксин, 20 қуттӣ кислотаи аскорбинӣ, 40 баста диазолин (ҳаб) , 260 ампула дексамитазон, 6 баста фурасимед (ҳаб), 250 шиша амоксасилин, 1500 адад скарификтор, 24450 адад сӯзандору ва 120 кг гипохлорид захира карда шудааст.
Дар шуъбаи сироятии беморхонаи марказии ноҳия изоляторҳо бо 50 кат, инчунин 4 бокс ва маводҳои зарурӣ захира гардида, як ҳуҷраи интенсивӣ, 4 оксигенератор, 6 таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ ва 8 нафар табибон дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки аз моҳи феврали соли равон то имрӯз 6 нафар сокинони ноҳия, ки аз хориҷи кишвар баргашта буданд, ба муҳлати 14 рӯз таҳти табобати карантинӣ фаро гирифта шуданд. Гирифторони бемории илтиҳоби шуш (навъҳои вазнин ва музмин) дар ин давра ба қайд гирифта нашудаанд.








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






