ХАБАРИ ФАВРӢ! Бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ барои овардани доруворӣ хатсайри махсуси чартерӣ аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон ташкил гардид
ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дастрас намудани маводи доруворӣ ва лавозимоти зарурии тиббӣ бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хатсайри махсуси чартерӣ аз Ҷумҳурии Ҳиндустон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Маводи зарурии воридшуда ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохторҳои он ҷиҳати истифода дар муассисаҳои тиббии пойтахт ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ барои табобати бемориҳои сироятӣ, алалхусус пандемияи конронавирус-COVID-19 ба таври ройгон супорида мешавад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»хабар доданд.
Дар пайравӣ ба ин иқдоми наҷиб роҳбарияти ширкатҳои ватанӣ низ дар пайи он ҳастанд, ки баҳри солимии аҳолии Тоҷикистон ва дастгирии қишри ниёзманд бо маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ ба эҳсонкорӣ рӯ оваранд. Аз ҷумла, бо хатсайри махсус ширкати ватании «Ориёнфарм» аз Ҷумҳурии Ҳиндустон миқдори муайяни маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кард, ки ҷиҳати таъмини аҳолии мамлакат бо маводи зарурӣ дар ин давраи ҳассос ва таъмини саломатии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Ҳамчунин, дар чаҳорчӯби муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон бо ҳамин хатсайр як миқдор кумаки башардӯстонаи Ҳукумати Ҳиндустон иборат аз маводи доруворӣ барои муолиҷаи беморони Ковид-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд.
Тасмим меравад, ки рӯзҳои наздик ташкили боз ҳамин гуна иқдомҳои эҳсонкорӣ такрор меёбад ва бо ин васила дар бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи ҷомеа саҳмгузорӣ карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар партави иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо супориши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти таъсиси беморхонаҳои нав барои қабули беморон, фаъолияти шабонарӯзии ҳамаи сохторҳои давлатӣ баҳри эмин нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ ва сокинони пойтахти мамлакат, инчунин ба таври доимӣ гузаронидани безараргардонии иншооту ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маҳалҳои истиқоматии аҳолӣ корҳои назаррас роҳандозӣ мегарданд.


















Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд






