ИМСОЛ ИМТИҲОНОТИ ҚАБУЛ БА МАКОТИБИ ОЛӢ ЧӢ ТАВР СУРАТ МЕГИРАНД? Шарҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 10.05.2020/НИАТ «Ховар»/. Бисёр хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ имрӯзҳо мехоҳанд донанд, ки имсол, дар шароити пандемияи COVID-19 маъракаи имтиҳонҳои дохилшавӣ ба макотиби олӣ чӣ тавр сурат мегирад. Ба ин суол дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҷавоб доданд:
Дӯстони азиз! Ҳоло дар раванди баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуние нашудааст.
Агар тағйироте шуд, ҳатман хабараш ба воситаи сомонаи ММТ ва васоити ахбори омма пахш мегардад. Бинобар ин, аз сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон http://ntc.tj/ru/ зуд-зуд дидан намоед!
Телефонҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маълумот: 224 53 66; 224 53 68.
Дӯстони арҷманд, дар ин замина лозим медонем, таъкид кунам, ки ҳоло то вақти баргузории имтиҳонҳо фурсат ҳаст, аз ин рӯ ба таҳлука наафтед! Қоидаҳои шахсӣ ва ҷамъиятии беҳдоштиро риоя намоед, саломатии худ ва наздиконатонро эҳтиёт намоед ва ба имтиҳонҳо омодагӣ бинед.
АКС аз бойгонӣ








Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд






