«Меҳри модар»-и Дарвоз ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва либосҳои муҳофизатӣ барои табибон шурӯъ кард
ХОРУҒ, 02.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи дӯзандагии «Меҳри модар»-и ноҳияи Дарвоз аз даҳаи сеюми моҳи март бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории КОВИД-19 ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва либоси муҳофизатӣ барои табибон шурӯъ кард, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Бино ба иттилои ӯ, то имрӯз зиёда аз 35 ҳазор ниқоб истеҳсол намудааст. 15 ҳазор ниқобро бо супориши раиси вилоят ба муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва сокинони ноҳияҳои вилоят тақдим кард. Дар маҷмӯъ корхонаи мазкур истеҳсоли 800 адад либосҳои муҳофизатиро бар уҳда гирифтааст.
Муовини аввали раиси ноҳияи Дарвоз Ҳаким Давлтазода ба мухбири АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, ки бо дархости сокинони шаҳри Душанбе коргарони корхонаи мазкур 200 ҳазор ниқоби тиббӣ ва ҳазор либоси муҳофизатиро дӯхта, рӯзҳои наздик ба пойтахти ҷумҳурӣ интиқол медиҳанд.










Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






