Муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Италия телефонӣ суҳбат намуданд
ДУШАНБЕ, 29.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз суҳбати телефонии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо муовини Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳури Италия Манлио ди Стефано баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо дар мавриди раванди мубориза бо ҳамагирии СOVID-19 дар кишварҳои худ мубодилаи афкор намуда, ҳамзамон дурнамои ҳамкории дуҷонибаи ду давлатро дар ин самт муҳокима карданд.
Зимни суҳбат сатҳи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Италия дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ, инчунин нақшаи чорабиниҳои муштарак дар соли ҷорӣ дар сатҳи дуҷониба ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин робита, аҳамияти баргузории чорабиниҳои банақшагирифташудаи дуҷониба, аз ҷумла вохӯриҳо дар сатҳи олӣ ва бизнес-форум бо иштироки намояндагони ширкатҳои пешрафта ва доираҳои тиҷоратии ду давлат баъди ба эътидол омадани вазъи ҷаҳонӣ вобаста ба ҳамагирӣ таъкид гардид.
Муовинони вазирон инчунин масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Италияро дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ баррасӣ карданд.








Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд






