«РУХИ ҶОНОНА». Ноҳияи Ашт ба содироти зардолу омодагӣ мегирад

Май 14, 2020 09:09

ДУШАНБЕ, 14.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Содироти намудҳои зардолуи пешпазаки «Шалах», «Арзанаки калон» ва «Рухи ҷонона» рӯзҳои наздик оғоз гардида, барои содироти он 120 ҳазор дона қуттӣ омода шудааст. Меваи тару тозаи зардолу асосан ба Федератсияи Россия содирот мегардад.  Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Сардори идораи кишоварзии ноҳияи Ашт Рафторҷон Муҳаммадиев иттилоъ дод, ки ноҳияи мазкур дорои беш аз 16 ҳазор боғи зардолу буда, аз ин 8900 гектарашро дарахтони зардолуи ҳосилдиҳанда ташкил медиҳанд.

Пас аз чанд рӯзи дигар боғдорони ноҳия ба ҷамъоварии ҳосили нав шурӯъ хоҳанд кард. Ҳоло беш аз 14 ҳазор хоҷагии инфиродиву деҳқонӣ ба нигоҳубин ва беталаф ҷамъоварӣ намудани он машғуланд. Боғоти зардолузорро асосан дарахтони навъҳои пешпазаки «Шалах», «Арзанаки калон» ва «Рухи ҷонона», инчунин навъҳои зардолуи муқаррарӣ, ба монанди «мирсанҷалӣ», «исфарак» ва «бобоӣ», ки ҳосили фаровон доранд, ташкил медиҳанд.

«Барои беталаф ҷамъоварӣ намудани зардолуи пешпазак аз имрӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз намудем. Барои бештар намудани  содироти зардолу ва гелос дар ноҳия ҶСК ОАО «Зардолу — Компания» фаъолият намуда истодааст, ки алҳол барои содироти 1000 тонна зардолу 120 қуттии ба талабот ҷавобгӯй омода намудааст”, — иброз намуд Рафторҷон Муҳаммадиев.

Соли гузашта боғдорони ноҳия қариб 20 ҳазор тонна зардолу истеҳсол намудаанд, ки  аз ин беш аз 3 ҳазор тоннаашро соҳибкорони маҳаллӣ ба Россия содирот намуда буданд.

Боғдорон имсол низ азм доранд истеҳсоли 20 ҳазор тонна зардолуро ба роҳ монда, сараввал бозорҳои дохилии мамлакатро бо маҳсулоти худӣ таъмин ва сипас боқимондаашро ба кишварҳои хориҷӣ содирот намоянд.

Дар ноҳия барои бунёди боғоти нав диққати махсус зоҳир мегардад ва барои истеҳсоли зардолуҳои хушсифат шароити мусоид фароҳам гардидааст.

Май 14, 2020 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
‎‎Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид