САБАҚ БАРОИ ДИГАРОН. Муҷозоти ронандаи ширкати «Olu4a Taxi» барои ҳаракатҳои таҳқиромез ва майдаавбошона нисбат ба як ҷавондухтари велосипедрон

Май 28, 2020 11:38

ДУШАНБЕ, 28.05.2020/АМИТ «Ховар»/. 22-юми майи соли ҷорӣ як нафар ҷавондухтар, сокини шаҳри Душанбе бо ирсоли расми автомашинаи тамғаи «Хундай», рақамҳои қайди давлатиаш 1953 ТТ 05 мусофирбари ширкати «Olu4a Taxi» аз  милитсияи пойтахт хоҳиш намуд то нисбати ронандаи автомашинаи мазкур чораҳои қонунӣ андешида шаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба РВКД дар шаҳри Душанбе.

Ба иттилои муроҷиаткунанда 22-юми май ҳангоми дар кӯчаи Н. Муҳаммад, назди собиқ бозори Шоҳмансури шаҳри Душанбе тариқи велосипед ҳаркат доштанаш ронандаи автомашинаи мазкур монеи ҳаракати ӯ шуда, ҳамзамон нисбаташ ҳаракати таҳқиромез нишон дода, шаъну шарафашро паст задаст.
Муроҷиати мазкур аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таҳти санҷиш ва баррасии ҳаматарафа қарор дода, муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Самадзода Сомон Шарофатулло, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад.

Бо назардошти он ки дар ҳаракатҳои шаҳрванд Самадзода Сомон аломатҳои кирдори майдаавбошона дида мешавад, нисбаташ бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ирсол гардид. Суд дар навбати худ санаи 23-юми май нисбаташ ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ намуд. Ҳамзамон номбурда ҷиҳати  минбаъд ба чунин амалу кирдори хилофи қонун даст назадан ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Май 28, 2020 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд