Сабаби сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус — расиши ноқилҳои барқӣ
ДУШАНБЕ, 26.05.2020. /АМИТ Ховар/. Сабаби сар задани сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус дар масоҳати 800 метри мураббаъ тибқи хулосаи пешакӣ, расиши ноқилҳои барқӣ будааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, мавриди тафтиш қарор дорад.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки 24 майи соли равон дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус сӯхтор ба амал омада, боиси хисороти молӣ гардид.
Барои хомӯш кардани оташ 11 адад нақлиёти сӯхторнишонӣ ва обкашон аз қисмҳои мустақили Хадамоти давлатии оташнишонӣ сафарбар карда шуда, оташ соати 20:00 хомӯш гардид.
Дар натиҷаи сӯхтор 2 саройи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, 12 мағозаи хӯрокӣ, 10 нуқтаи фурӯши махсулоти хоҷагӣ зарар дида, зиёда аз 30 адад дӯкони савдо аз коми оташ наҷот дода шуд.
Ҳамзамон хатари паҳншавии оташ ба биноҳои «Амонатбонк» ва «Агроинвестбонк», ки дар шафати бозори мазкур қарор доштанд, пешгирӣ гардид.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






