Сироҷиддин Муҳриддин бо сафорату консулгариҳои Тоҷикистон машварати видеоӣ баргузор намуд

Май 2, 2020 09:39

ДУШАНБЕ, 03.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 1 май дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 30 апрели 2020 дар ҷаласаи навбатии Ҳукумат дода шуданд, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишвар дар хориҷа машварати видеоӣ баргузор намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилалӣ бо дарназардошти вазъи кунунии эпидемиологӣ, мусоидат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа, истифодаи таҷрибаи дигар кишварҳо дар мубориза бо бемории ҳамагири COVID-19 баррасӣ гардида, дар ин замина дастурҳои лозим ба дипломатҳои тоҷик дода шуданд.

Акс аз ВКХ ҶТ

Май 2, 2020 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд