Тоҷикистон ва Ҳиндустон аҳамияти идомаи иқдомҳои муштаракро ҷиҳати пирӯзӣ бар пандемияи COVID-19 таъкид карданд

Май 6, 2020 17:17

ДУШАНБЕ, 06.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субраҳманям Ҷайшанкар гуфтугӯи телефонӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВКХ-и ҷумҳурӣ.

Дар ҷараёни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар заминаҳои гуногун ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Мусоҳибон зимни арзёбии ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ва тиб, бар аҳамияти идомаи ҳамёрӣ ва иқдомҳои муштарак ҷиҳати пирӯзӣ бар пандемияи COVID-19 таъкид карданд.

Май 6, 2020 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон ба Подшоҳи Нидерланд эътимоднома супорид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Винни Вэй Ванг мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Озарбойҷон иштирок менамоянд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия баргузор мегардад
Тоҷикистон ва Қирғизистон рушди мунтазами муносибатҳои дуҷонибаро таъкид карданд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси иҷроии Фонди рушди саудӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт чорабинии тантанавӣ доир гардид
Нишасти навбатии Гурӯҳи корӣ дар қолаби С5+Олмон баргузор гардид
Тоҷикистон аз созиши оташбас байни Исроил ва Эрон истиқбол менамояд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Малдив эътимоднома супорид
Дар Душанбе тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи иқтисоду тиҷорат баррасӣ шуд