Ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии кишварҳои ИДМ тавассути видеоконфронс доир шуд

Июнь 4, 2020 16:10

ДУШАНБЕ, 04.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.  3-4 июн ҷаласаи 51-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории давлатҳои узви ИДМ тариқи видеоконфронс баргузор гардид. Дар кори ҷаласа ҳисоботи роҳбарони сохторҳои зиддиинҳисории кишварҳои ИДМ ва муҳокимарониҳо оид ба натиҷаи иҷрои қарорҳои қабулгардида дар ҷаласаи 50-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ шунида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, зимни ҷаласа роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои узви ИДМ ба вазъияти мавҷудаи паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 ва таъсири он ба иқтисодиёт, аз ҷумла раванди истеҳсоли молу маҳсулот, иҷрои кору хизматрасонӣ ва фаровонии маҳсулот, ки ба тағйирёбии нархҳо таъсири асосӣ мерасонад, дахл намуданд.

Дар ҷаласа махсусан мавзӯъҳои ҳимояи рақобат дар бозори маҳсулоти аз назари иҷтимоӣ муҳими истеъмолкунандагон, коркарди нақшаи чорабиниҳои якҷояи рафъи оқибатҳои манфӣ ба иқтисодиёти кишварҳои узв аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси намуди COVID-19, гузаронидани тадқиқот дар бозори таҷҳизоти тиббӣ ва маводи доруворӣ, табодули таҷриба дар самти рушди савдои интернетӣ ва механизми бақайдгирии ҳисоббарии он, ҳолат ва дурнамои хизматрасонӣ дар соҳаи мусофиркашонӣ ва бозорҳои биржавӣ мавриди баҳсу баррасӣ ва барномарезӣ қарор гирифтанд.

Роҳбарони мақомоти зиддиинҳисорӣ вобаста ба вазъияти кунунӣ ва шаклгирии муносибатҳои нави иқтисодӣ нақшаи чорабиниҳои муштаракро, ки ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишварҳои узв, халалдор нагардидани муносибатҳои тиҷоратӣ, рушди рақобати солим ва пешгирӣ аз суиистифода аз вазъияти ба миёномада дар бозори мол равона гардидааст, таҳия ва қабул намуданд.

Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки пайдоиши COVID-19 дар аксари кишварҳои узв назми муқаррарии бозори фурӯши бархе аз маҳсулотро тағйир дода, ба камчинии воқеии чанде аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз қабили маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводи доруворӣ оварда расонид.

Дар баъзе ҳолатҳо ба вуҷуд овардани камчинии сунъӣ ва беасос баланд бардоштани нарх ба таври яксон дар ҳамаи кишварҳои узв ба мушоҳида расид, ки он дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф карда шуд.

Ҳуҷҷати дар интиҳои ҷаласаи Шӯро қабулгардида барои тақвияту бароҳмонии ҳамкории зич байни мақомоти соҳаи зиддиинҳисорӣ, мубодилаи маълумот оид ба вазъияти бозори истеъмолӣ ва таъсиррасонии фаврӣ ба муътадил гардонидани нархҳо мусоидат менамояд.

Дар видеоконфронс роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории Хадамоти федералии зиддиинҳисори Россия,  Вазорати танзими зиддиинҳисорӣ ва савдои Ҷумҳурии Беларус, мақомоти зиддиинҳисории Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Арманистон иштирок намуданд.

Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Муминзод зимни суханронӣ зикр намуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 амал мекунад ва дар натиҷаи тадбирҳои дар ин самт андешидашуда шиддати болоравии беасоси нархҳо тариқи механизмҳои қонеъ гардонидани талабот дар бозорҳои истеъмолии бахши хӯрокворӣ ва маводи доруворӣ, ҳатто зиёд намудани кумакҳои суроғавӣ пешгирӣ карда шуд.

Июнь 4, 2020 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи иртибототи глобалӣ баррасӣ гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Чин, Қирғизистон ва Покистон баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Масири дӯстӣ: Марҳилаи нави таърихӣ дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони Котиботи давлатии ИМА мулоқот намуд
САФАРИ ТАЪРИХӢ БА ҚАЛБИ ОСИЁ. Ва ё чаро Муғулистон барои Тоҷикистон муҳим аст?
Дар Москва қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муаррифӣ шуд
Дар Масқат масъалаи рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ шуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд
Мероси Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар нишасти байналмилалӣ дар Теҳрон баррасӣ гардид