Ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии кишварҳои ИДМ тавассути видеоконфронс доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. 3-4 июн ҷаласаи 51-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории давлатҳои узви ИДМ тариқи видеоконфронс баргузор гардид. Дар кори ҷаласа ҳисоботи роҳбарони сохторҳои зиддиинҳисории кишварҳои ИДМ ва муҳокимарониҳо оид ба натиҷаи иҷрои қарорҳои қабулгардида дар ҷаласаи 50-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ шунида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, зимни ҷаласа роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои узви ИДМ ба вазъияти мавҷудаи паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 ва таъсири он ба иқтисодиёт, аз ҷумла раванди истеҳсоли молу маҳсулот, иҷрои кору хизматрасонӣ ва фаровонии маҳсулот, ки ба тағйирёбии нархҳо таъсири асосӣ мерасонад, дахл намуданд.
Дар ҷаласа махсусан мавзӯъҳои ҳимояи рақобат дар бозори маҳсулоти аз назари иҷтимоӣ муҳими истеъмолкунандагон, коркарди нақшаи чорабиниҳои якҷояи рафъи оқибатҳои манфӣ ба иқтисодиёти кишварҳои узв аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси намуди COVID-19, гузаронидани тадқиқот дар бозори таҷҳизоти тиббӣ ва маводи доруворӣ, табодули таҷриба дар самти рушди савдои интернетӣ ва механизми бақайдгирии ҳисоббарии он, ҳолат ва дурнамои хизматрасонӣ дар соҳаи мусофиркашонӣ ва бозорҳои биржавӣ мавриди баҳсу баррасӣ ва барномарезӣ қарор гирифтанд.
Роҳбарони мақомоти зиддиинҳисорӣ вобаста ба вазъияти кунунӣ ва шаклгирии муносибатҳои нави иқтисодӣ нақшаи чорабиниҳои муштаракро, ки ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишварҳои узв, халалдор нагардидани муносибатҳои тиҷоратӣ, рушди рақобати солим ва пешгирӣ аз суиистифода аз вазъияти ба миёномада дар бозори мол равона гардидааст, таҳия ва қабул намуданд.
Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки пайдоиши COVID-19 дар аксари кишварҳои узв назми муқаррарии бозори фурӯши бархе аз маҳсулотро тағйир дода, ба камчинии воқеии чанде аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз қабили маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводи доруворӣ оварда расонид.
Дар баъзе ҳолатҳо ба вуҷуд овардани камчинии сунъӣ ва беасос баланд бардоштани нарх ба таври яксон дар ҳамаи кишварҳои узв ба мушоҳида расид, ки он дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф карда шуд.
Ҳуҷҷати дар интиҳои ҷаласаи Шӯро қабулгардида барои тақвияту бароҳмонии ҳамкории зич байни мақомоти соҳаи зиддиинҳисорӣ, мубодилаи маълумот оид ба вазъияти бозори истеъмолӣ ва таъсиррасонии фаврӣ ба муътадил гардонидани нархҳо мусоидат менамояд.
Дар видеоконфронс роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории Хадамоти федералии зиддиинҳисори Россия, Вазорати танзими зиддиинҳисорӣ ва савдои Ҷумҳурии Беларус, мақомоти зиддиинҳисории Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Арманистон иштирок намуданд.
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Муминзод зимни суханронӣ зикр намуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 амал мекунад ва дар натиҷаи тадбирҳои дар ин самт андешидашуда шиддати болоравии беасоси нархҳо тариқи механизмҳои қонеъ гардонидани талабот дар бозорҳои истеъмолии бахши хӯрокворӣ ва маводи доруворӣ, ҳатто зиёд намудани кумакҳои суроғавӣ пешгирӣ карда шуд.








Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо нависандаи кувайтӣ Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд
Дар Баҳрайн бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» ба нашр расид
«Gulf News» мақолаи Сафири Тоҷикистонро оид ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар рушди мероси тиббии Абуалӣ ибни Сино нашр намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид






