АМАЛИЁТИ «ЧАРОҒАКИ ШУЪЛАВАР». Дар Душанбе нисбат ба соҳибони 144 автомашинаи гаронарзиши дорои сигналҳои махсуси овозӣ ҷарима таъйин шуд
 
			
					
										ДУШАНБЕ, 23.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории амалиёти шартии «Чароғаки шуълавар» аз ҷониби милитсияи пойтахт муайян карда шуд, ки як қатор тоҷирону савдогарони бозорҳои пойтахт ба таври озод ба воридоту фурӯши ғайриқонунии таҷҳизоти тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манъгардида машғул буда, бо ин роҳ заминаи мусоидро барои насби чунин таҷҳизот ба шаҳрвандони одӣ, махсусан ронандагони воситаҳои нақлиёти хусусӣ фароҳам меоранд. Дар ин бора сардори Маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе Сироҷиддин Шукуров ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, зимни баргузории амалиёти мазкур муайян карда шуд, ки як қатор фурушандагони бозорҳо, аз ҷумла Анушервон Мирзоев соли таваллудаш 1997, Рамзиёр Шарипов соли таваллудаш 1988, Умед Каримов соли таваллудаш 1971, Маҳмадраҳим Алиев соли таваллудаш 1985, Фирӯз Одинаев соли таваллудаш 1995, Ҷамшед Каримов соли таваллудаш 1977 ва дигарон бар хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намуди фаъолият» амал намуда, бидуни иҷозатномаи махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ ба фурӯши ғайриқонунии ин таҷҳизотҳо машғул мебошанд.
Дар маҷмӯъ аз онҳо 52-адад асбоби чароғаки шуълавари рангҳои гуногун ва 21-адад асбобҳои садодиҳандаи махсус дарёфту мусодира карда шуданд.
 
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳамаи ин ҳуқуқвайронкунандагон тибқи талаботи моддаи 510-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъйин карда шуд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳамаи ин ҳуқуқвайронкунандагон тибқи талаботи моддаи 510-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъйин карда шуд.
Ҳамзамон, бо мақсади муайян намудани ҳолатҳои мазкур ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони пойтахт оид ба риояи ҳатмии талаботи «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» дар кӯчаю роҳҳои шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои мақсаднок гузаронида шуданд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус таҳти унвони шартии «Чароғаки шуълавар», давоми ҳафтаи гузашта боз 144 ҳалати дигари насбу истифодабарии ғайриқонунии сигналҳои махсуси овозӣ ва чароғакҳои шуълавари нурафшон ошкор карда шуд. Нисбати ронандагон бо дастрасии талаботи моддаи 316-и КҲМ ҶТ санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба ҳар кадом ба андозаи аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин гардид. Аз ҷумла:

Ронандаи автомашинаи тамғаи Хонда-Аккорд, рақами давлатиаш 1111 SR 03, Султонбек Қодиров;

Ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-С-Класс, рақами қайд 1111ВХ 01, Муҳаммад Абдуллоев;

Ронандаи автомашинаи тамғаи Ленкрузер-Прадо, аломати қайд 0006 КА 01, Шаҳриёр Шарипов;

Ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ, рақами қайд 4445 ВВ 01, Зайниддин Ҳалимов;

Ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-С-Класс, аломати қайд 7000НХ 01, Рашиди Файзалӣ;

Ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кемрӣ, рақами қайди давлатиаш 1011 SR 01, Масъудҷон Ёров;

Ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес, аломати қайд 0003 ЕY 01, Абдулҳамид Муминов;

Ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кемрӣ, аломати қайди давлатиаш 8188 JJ 01, Суҳроб Сатторов;

Ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота Каролла, рақами қайди давлатиаш 0018 НР 01, Ромиз Саидов;
Дар доираи баргузории амалиёти «Чароғаки шуълавар», ки аз 1-уми июн инҷониб идома дорад, роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ҳама ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш менамояд, ки аз истифодабарии ҳар гуна таҷҳизоти ғайристандартӣ худдорӣ намуда, талаботҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро бо пуррагӣ риоя намоянд.
Мавриди зикр аст, ки таҳлилҳои фаъолияти корӣ, амалия ва санҷишҳои гузаронидашудаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нишон медиҳанд, ки вақтҳои охир сигналҳои махсус ва нурафшон барои воситаҳои нақлиёт, бар хилофи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05 декабри соли 2013 №580 аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид карда шуда, чунин таҷҳизоти ғайристандартӣ ба бозорҳои дохилии кишвар роҳ ёфта, дар савдои озод қарор доранд. Бояд қайд намуд, ки сигналҳои махсус ва нурафшон барои воситаҳои нақлиёт ба руйхати номгӯи молҳое, ки содирот, воридот ва транзити онҳо бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, дохил мешаванд.









 
						
 95 ҲОДИСАИ НОХУШИ НАҚЛИЁТӢ ДАР ДУШАНБЕ. Пиёдагардон низ мисли ронандагон ҷарима карда шаванд
95 ҲОДИСАИ НОХУШИ НАҚЛИЁТӢ ДАР ДУШАНБЕ. Пиёдагардон низ мисли ронандагон ҷарима карда шаванд Намояндаи Тоҷикистон дар нишасти роҳбарони ниҳодҳои миллии зиддимухадиротии кишварҳои Аврупо дар Вена иштирок дорад
Намояндаи Тоҷикистон дар нишасти роҳбарони ниҳодҳои миллии зиддимухадиротии кишварҳои Аврупо дар Вена иштирок дорад Дар Теҳрон  ҷаласаи 4-уми вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир гардид
Дар Теҳрон  ҷаласаи 4-уми вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир гардид ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲРО РИОЯ НАМОЕД! Дар нуҳ моҳ дар Тоҷикистон 999 ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст
ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲРО РИОЯ НАМОЕД! Дар нуҳ моҳ дар Тоҷикистон 999 ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст Машқҳои ҳарбии муштараки «Бародарии шикастнопазир-2025», «Монеа-2025» ва «Иттиҳоди зиддитеррористӣ-2025» анҷом ёфтанд
Машқҳои ҳарбии муштараки «Бародарии шикастнопазир-2025», «Монеа-2025» ва «Иттиҳоди зиддитеррористӣ-2025» анҷом ёфтанд Дар Тоҷикистон марҳилаи ниҳоии машқҳои муштараки зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори кишварҳои ИДМ «Иттиҳод-Антитеррор-2025 баргузор гардид
Дар Тоҷикистон марҳилаи ниҳоии машқҳои муштараки зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори кишварҳои ИДМ «Иттиҳод-Антитеррор-2025 баргузор гардид Дар Душанбе Конфронси сеюми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси сеюми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ баргузор гардид Машқҳои  неруҳои дастҷамъии посдори сулҳи СААД барои аз байн бурдани манбаъҳои таҳдидҳои биологӣ анҷом ёфт
Машқҳои  неруҳои дастҷамъии посдори сулҳи СААД барои аз байн бурдани манбаъҳои таҳдидҳои биологӣ анҷом ёфт «АХЛОҚ ВА ТАРТИБОТ». Дар Душанбе фаъолияти 17 маркази дилхушӣ қатъ карда шуд
«АХЛОҚ ВА ТАРТИБОТ». Дар Душанбе фаъолияти 17 маркази дилхушӣ қатъ карда шуд Дар Самарқанд нахустин мулоқоти вазирони мудофиаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар Самарқанд нахустин мулоқоти вазирони мудофиаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар Тоҷикистон 86 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар Тоҷикистон 86 фоиз иҷро гардид Дар ҷаласаи  Шурои  ҳамоҳангсозии  прокуророни  генералии   ИДМ амалияи татбиқи шартномаҳо оид ба ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи  Шурои  ҳамоҳангсозии  прокуророни  генералии   ИДМ амалияи татбиқи шартномаҳо оид ба ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ баррасӣ гардид 
									 
									 
									 
									 
									





