АМАЛИЁТИ «ЧАРОҒАКИ ШУЪЛАВАР». Дар Душанбе нисбат ба соҳибони 144 автомашинаи гаронарзиши дорои сигналҳои махсуси овозӣ ҷарима таъйин шуд

Июнь 23, 2020 11:33

 ДУШАНБЕ, 23.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории амалиёти шартии «Чароғаки шуълавар» аз ҷониби милитсияи пойтахт муайян карда шуд, ки як қатор тоҷирону савдогарони бозорҳои пойтахт ба таври озод ба воридоту фурӯши ғайриқонунии таҷҳизоти тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манъгардида машғул буда, бо ин роҳ заминаи мусоидро барои насби чунин таҷҳизот ба шаҳрвандони одӣ, махсусан ронандагони воситаҳои нақлиёти хусусӣ фароҳам меоранд. Дар ин бора сардори Маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе Сироҷиддин Шукуров ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, зимни баргузории амалиёти мазкур муайян карда шуд, ки як қатор фурушандагони бозорҳо, аз ҷумла Анушервон Мирзоев соли таваллудаш 1997, Рамзиёр Шарипов соли таваллудаш 1988, Умед Каримов соли таваллудаш 1971, Маҳмадраҳим Алиев соли таваллудаш 1985, Фирӯз Одинаев соли таваллудаш 1995, Ҷамшед Каримов соли таваллудаш 1977 ва дигарон бар хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намуди фаъолият» амал намуда, бидуни иҷозатномаи махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ ба фурӯши ғайриқонунии ин таҷҳизотҳо машғул мебошанд.

Дар маҷмӯъ аз онҳо 52-адад асбоби чароғаки шуълавари рангҳои гуногун ва 21-адад асбобҳои садодиҳандаи махсус дарёфту мусодира карда шуданд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳамаи ин ҳуқуқвайронкунандагон тибқи талаботи моддаи 510-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъйин карда шуд.

Ҳамзамон, бо мақсади муайян намудани ҳолатҳои мазкур ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони пойтахт оид ба риояи ҳатмии талаботи «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» дар кӯчаю роҳҳои шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои мақсаднок гузаронида шуданд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус таҳти унвони шартии «Чароғаки шуълавар», давоми ҳафтаи гузашта боз 144 ҳалати дигари насбу истифодабарии ғайриқонунии сигналҳои махсуси овозӣ ва чароғакҳои шуълавари нурафшон ошкор карда шуд. Нисбати ронандагон бо дастрасии талаботи моддаи 316-и КҲМ ҶТ санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба ҳар кадом ба андозаи аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин гардид. Аз ҷумла:

Ронандаи автомашинаи тамғаи Хонда-Аккорд, рақами давлатиаш 1111 SR 03, Султонбек Қодиров;

Ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-С-Класс, рақами қайд 1111ВХ 01, Муҳаммад Абдуллоев;

Ронандаи автомашинаи тамғаи Ленкрузер-Прадо, аломати қайд 0006 КА 01, Шаҳриёр Шарипов;

Ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ, рақами қайд 4445 ВВ 01, Зайниддин Ҳалимов;

Ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-С-Класс, аломати қайд 7000НХ 01, Рашиди Файзалӣ;

Ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кемрӣ, рақами қайди давлатиаш 1011 SR 01, Масъудҷон Ёров;

Ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес, аломати қайд 0003 ЕY 01, Абдулҳамид Муминов;

Ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кемрӣ, аломати қайди давлатиаш 8188 JJ 01, Суҳроб Сатторов;

Ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота Каролла, рақами қайди давлатиаш 0018 НР 01, Ромиз Саидов;

Дар доираи баргузории амалиёти «Чароғаки шуълавар», ки аз 1-уми июн инҷониб идома дорад, роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ҳама ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш менамояд, ки аз истифодабарии ҳар гуна таҷҳизоти ғайристандартӣ худдорӣ намуда, талаботҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро бо пуррагӣ риоя намоянд.

Мавриди зикр аст, ки таҳлилҳои фаъолияти корӣ, амалия ва санҷишҳои гузаронидашудаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нишон медиҳанд, ки вақтҳои охир сигналҳои махсус ва нурафшон барои воситаҳои нақлиёт, бар хилофи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05 декабри соли 2013 №580 аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид карда шуда, чунин таҷҳизоти ғайристандартӣ ба бозорҳои дохилии кишвар роҳ ёфта, дар савдои озод қарор доранд. Бояд қайд намуд, ки сигналҳои махсус ва нурафшон барои воситаҳои нақлиёт ба руйхати номгӯи молҳое, ки содирот, воридот ва транзити онҳо бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, дохил мешаванд.

Июнь 23, 2020 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Нуробод вобаста ба тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа вохӯрӣ баргузор шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идоракунии ҳарбӣ баргузор гардид
Тоҷикистон ва Русия вобаста ба ҳодисаи гаравгонгирӣ дар муассисаи ислоҳии шаҳри Суровикино тадбир меандешанд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Дар ноҳияи Хуросон бинои Хадамоти шиносномавӣ-бақайдгирӣ ба истифода дода шуд
Вохӯрии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Прокуратураи генералӣ: «Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки фирефтаи ҳар гуна таблиғоти беасос оид ба таъмини ҷойи кор дар хориҷи мамлакат нашаванд»
Намояндагони Тоҷикистон ва UNHCR масъалаи ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуданд
АМАЛИЁТИ «КОРД». Милитсияи Хатлон 768 силоҳи сард дарёфт ва мусодира намуд
Дар даъвати тирамоҳӣ дар шаҳри Ваҳдат 260 ҷавон ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ мешавад
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои ИДМ дар Минск иштирок намуд