АМАЛИЁТИ МАҚСАДНОК. Барои вайронкунандагони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз 3 то 5 нишондиҳанда ҷаримаи маъмурӣ таъйин карда мешавад

Июнь 22, 2020 16:53

ДУШАНБЕ, 22.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, пешгирӣ ва ошкор намудани қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, махсусан риоя накардани қоидаҳои ҷиҳозонидани таҷҳизотҳои махсуси садодиҳанда ё асбобҳои иловагии берунии равшанидиҳанда ба воситаҳои нақлиёте, ки ба хадамоти фаврӣ ва махсус таалуқ надоранд, аз ҷониби Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 то 21 июни соли ҷорӣ амалиёти мақсаднок дар ҳудуди ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шӯъбаи ташвиқоту таблиғот-и РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Қурбонзода хабар дод.

Бино ба иттилои А. Қурбонзода, дар давраи гузаронидани амалиёти ҷумҳуриявӣ аз тарафи кормандони БДА 81 далели ғайриқонунии насб кардани таҷҳизоти махсуси садодиҳанда, 509 далели ҷиҳозонидани асосбҳои ғайристандартии иловагии берунии равшанидиҳанда ва 8 далели дигар бошад дар маҷмуи ихроҷи газҳои кордкардашуда насб намудани таҷҳизоти овозӣ ошкор карда шуда нисбати вайронкунандагон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Манбаъ зикр намуд, ки барои риоя накардани қоидаҳои насб кардани таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ва ё асбобҳои иловагии берунии равшанидиҳанда ба воситаҳои нақлиёт мутобиқи моддаи 316 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ба андозаи аз 3 то 5 нишондиҳанда (аз 174 то 290 сомонӣ) бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад.

Дар зимн, РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ҳамаи соҳибони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, қоидаҳои насб намудани таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ва ё асбобҳои иловагии берунии равшанидиҳанда ба воситаҳои нақлиётро риоя намоянд.

Июнь 22, 2020 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад