АМАЛИЁТИ «НАВРАС». Дар кӯчаҳои пойтахт 93 ҳолати бе ниқобҳои тиббии муҳофизатӣ гаштугузор намудани ноболиғон ошкор гардид
ДУШАНБЕ, 10.06.2020. /АМИТ «ХОВАР»/. 9 июни соли равон зимни гузаронидани амалиёти шартии «Наврас», ки аз ҷониби кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони милитсияи пойтахт гузаронида шуд, 93 ҳолати бе ниқобҳои тиббии муҳофизатӣ гаштугузор намудани ноболиғон ошкор гардида, барои оворагардӣ 8 нафари онҳо ба Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон дастрас карда шуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи тавсия ва хулосаи мутахассисони соҳаи тиб аз як ҷиҳат агар истифодаи ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ва риояи масофаи иҷтимоӣ эҳтимоли гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятиро кам намояд аз ҷониби дигар дар хона нишастан ва бе зарурат ба берун наборомадан василаи асосии муҳофизати худ аз ин бемории ҳамагир мебошад. Махсусан нафарони солхурда ва ноболиғон бояд бе зарурат ба берун набароянд ва ҳангоми баромадан ба таври қатъӣ аз воситаҳои муҳофизатӣ истифода намоянд.
Дар акси ҳол гаштугузор намудан бе истифода аз ниқобҳои тиббии муҳофизатӣ, махсусан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам василаи асосӣ барои гирифтор шудан ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавируси нави COVID-19 мегардад. Аз ин лиҳоз ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии ин намуд беморӣ, аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди коронавирус гаштугузори шаҳрвандон дар кӯчаву хиёбон ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо ниқобҳои муҳофизатӣ ҳатмӣ гардидааст.
Вобаста ба ин ва ҷиҳати риояи ҳатмии талаботҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва санитарию эпидимиологӣ ва пеш аз ҳама огоҳонидани шаҳрвандон аз хатари паҳншавии бемории мазкур аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шуда, дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва дӯкону фурӯшгоҳ, мағозаҳои фурӯши хӯроки умум ва дигар маконҳои гаштугузори шаҳрвандон суҳбатҳои профилактикию корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ шуда истодааст.
Аз ҷумла, дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои профилактикии мазкур ҳолатҳои зиёди бе зарурат дар кӯча ва бе назорат гаштугузор намудани ҷавонон махсусан кӯдакони хурдсол бе ниқоби муҳофизатӣ муайяну ошкор карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки кӯдакони хурдсол, ки ҳанӯз хуб инкишоф наёфтаанд ва ба таври кофӣ қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекунанд, ҳангоми ба берун баромадан эҳтимоли гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятиро бештар доранд. Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки кӯдакон метавонанд интиқолдиҳандаи беморӣ аз кӯча ба хона гардида, дигар аъзои хонаводаи худро сироят намоянд. Бо назардошти ҳолатҳои мазкур аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ қарори дахлдор қабул гардида, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ӯмумӣ аз муҳлати муайян гардида барвақттар рухсат дода шудаанд. То ноболиғони хурдсол камтар ба берун бароянду аз гирифторшавӣ ба ин беморӣ эмин бимонанд. Вале чуноне дар рафти амалиёти мазкур кормандони милитсияи пойтахт ошкор намуданд, кӯдакони хурдсол аз бемасъулиятии волидайни худ истифода бурда, шабонарӯзӣ ба кучагардӣ машғул мебошанд.
Аз ин лиҳоз, кормандони милитсияи пойтахт, бо он нафароне, ки зимни баргузории ин амалиёти профилактикӣ дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт бе ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ба гаштугузор машғул буданд, суҳбатҳои профилактикӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии сироятёбӣ ба ин беморӣ ва баланд бардоштани маърифатнокиву иттилоърасонии шаҳрвандон дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе амалиётҳои профилактикиву корҳои фаҳмондадиҳиро идома дода, кормандони ин ниҳод ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа саҳми худро мегузоранд.








Дар Кӯлоб аксари иншооти аз офати табиӣ осебдида барқарор гардида, оилаҳои зарардида соҳиби хонаҳои нав мешаванд
Дар Душанбе Форуми соҳибкории занон, сармоягузорӣ ва технология оғоз гардид
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. 24 истироҳатгоҳи мавсимии беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд
Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид
ОГОҲӢ! Аз 3 то 5 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Нобиғае, ки аз замони худ садсолаҳо пештар меандешид
Ширкати «IRS»: «Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чаноқ таъмин аст»
ШАРБАТИ САЛОМАТӢ. Олимони тоҷик истеъмоли онро барои пешгирии бемориҳои камхунӣ, ҷоғар ва диабет тавсия медиҳанд
СИРИШТИ СИНОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб






