Ба осебдидагони ноҳияи Хуросон кумаки навбатӣ расид

Июнь 15, 2020 15:45

ДУШАНБЕ, 15.06.2020. /АМИТ «ХОВАР»/. Ба осебдидагони сел дар ноҳияи Хуросон кӯмаки навбатии башардӯстона аз Сафорати Ҷумҳурии Покистон дар Тоҷикистон расид. Сокинони хонаҳои осебдида дар мавзеи нав ба бунёди манзилҳои нав шуруъ кардаанд. Дирӯз ихтиёриён аз ташкилоту муассисаҳои вилоят ба ёрии сокинон омаданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ барқарорсозии харобаҳои сел ва рафти корҳои сохтмониро дар мавзеи нав таҳти назорати пурраи худ қарор додаанд.

Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба осебдидагони ноҳияи Хуросон кӯмакҳои нав расиданд. Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон ба зарадидагони деҳаи Чорбоғи ҷамоати С.Айнии ноҳияи Хуросон 67 тонна семент чун ёрии башарӣ кумак намуд.

Дар маросими таҳвили ёрии башарӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Имрон Ҳайдар, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода полковник М.Салимзода, ҳамчунин намояндагони ҳукумати иҷроияи вилоят ва ноҳия ширкат намуданд.

Сафири ҶИП зимни суханронии худ изҳор дошт, ки халқи Покистон ҳамеша омодаи кӯмак ба бародарони тоҷики худ мебошад.

Ин миқдор ёрии башарӣ бо техникаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба макони сохтмони хонаҳои нав расонида шуд ва бо иштироки намояндагони комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия ба осебдидагон тақсим карда шуд.

Дар ҳамин ҳол дафтари матбуотии раиси вилояти Хатлон хабар дод, ки дирӯз, 14-уми июн  гурӯҳи кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои кӯмак дар умури сохтмонӣ ба маҳаллаи навбунёди Чорбоғи ноҳияи Хуросон омаданд. Бо дастури раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, мутахассисони соҳаи меъморӣ лоиҳаи сохтмони манзилро барои ҳар як оила таҳия намуда, ҳоло бинокорон аз рӯйи ин тарҳҳо хона месозанд.

Ин манбаъ ҳамчунин иттилоъ дод, ки ба ҳолати 13 июни соли 2020, аз 68 хонаи пурра ва қисман зарардида корҳои ҷобаҷокунӣ ва ҳамворкунии он 100%, кандани хандақ (траншея) 100%, асоси таҳкурсӣ (подушка) 100%, таҳкурсӣ дар 51 хона 100%, дар 17 хона сохтмони зербино дар арафаи анҷомёбист. Инчунин, дирӯз дар 5 хона бардоштани девор оғоз гардид.

Июнь 15, 2020 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Бунёду навсозии роҳу пулҳо, муассисаҳои тиббӣ ва мактабу кӯдакистон ба садақаи ҷория дохил мешавад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид