«CУЛҲУ ВАҲДАТ — МАВЗӮЪҲОИ ҶОВИДОНАИ АДАБИЁТ». Андешаҳои шоира Шаҳрия дар барномаи «Адиб ва замон»-и Радиои «Ховар»
ДУШАНБЕ, 25.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Cулҳ ва Ваҳдати миллӣ яке аз мавзӯъҳои ҷовидонаи адабиёти классикӣ ва муосири мардуми ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон маҳсуб меёбанд. Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ аз замоне ки назм дар олами ҳастӣ арзи вуҷуд кард, яке аз мавзӯъҳои муҳим ва мубрам дониста мешаванд. Чунончи, яке аз шоҳасарҳои адабиёти ҷаҳон – «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ сулҳ ва ваҳдати миллатҳои эронинажод ва мардуми ориёиро инъикос намудааст. Бо тараннум ва ё инъикоси ин мавзӯъ адибони форсу тоҷик мардумро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудаанд», — иброз медорад шоира Шаҳрия.
Дар идома ӯ тазаккур медиҳад, ки имрӯз Ваҳдати миллӣ барои миллати сарбаланду фарзона ва мутамаддини тоҷик ба як мактаби эътимодбахшу тақдирсоз табдил ёфта, ба таври ҳамешагӣ вориди рӯзгори мо шуд ва рукнҳои давлатдориамонро боз ҳам таҳким бахшид. Ин неъмати безавол, пеш аз ҳама, натиҷаи заҳмат ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон воқеан нақши сарнавиштсоз гузоштанд.
Идомаи андешаҳои шоираи ширинкалом Шаҳрия дар барномаи «Адиб ва замон» имрӯз соатҳои 10:30 (такроран 14:30 ва 21:30) дар таҳияи Шабнам ШОКИРЗОДА аз Радиои «Ховар» бишнавед.








ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад






