Маркази миллии тестӣ: Семинарҳои омӯзишӣ барои тренерон оғоз шуданд

Июнь 1, 2020 14:21

ДУШАНБЕ, 01.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳои омӯзиширо барои тренерони кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ ҷиҳати ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2020 оғоз кард.

Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тестӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, семинарҳои омӯзишӣ 1-2 июн барои намояндагони шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №6 и ш.Душанбе) бо иштироки 14 нафар шунавандагон гузаронида мешаванд. 2-3 июн барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд (дар муассисаи таълимии гимназияи № 1 и ш.Хуҷанд) бо иштироки 12 нафар шунаванда ва 3-4 июн барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои водии Вахши вилояти Хатлон (дар муассисаи таълимии таҳсилоти умумии №12 и ш.Бохтар) бо иштироки 13 нафар шунаванда ва барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон (дар муассисаи таълимии таҳсилоти умумии №51 и ш.Кӯлоб) бо иштироки 10 нафар шунавандагон доир мегарданд.

Ҳадаф аз баргузории семинарҳои омӯзишӣ омода кардани тренерон барои таълим ва интихоби кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ, аз ҷумла, роҳбарон, ёварони роҳбарон, маъмурон ва маъмурони калон, инчунин бақайдгирандагони марказҳои имтиҳонӣ аст. Барои баргузории семинарҳои омӯзишӣ ва интихоби кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ дар баробари тренерон дар 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ гурӯҳҳои кории Марказ ҷалб карда мешаванд.

Соли равон дар заминаи 48 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда мешаванд.  Ҷиҳати ташкил ва баргузории семинари омӯзишӣ барои тренерон барнома, модули омӯзишӣ ва маводи иловагии ёрирасон омода карда шудаанд. Пас аз ду рӯзи машғулиятҳо ба шунавандагон дар асоси дарсҳои гузашта саволномаҳо пешниҳод мегарданд. Дониш ва маҳорати шунавандагон дар асоси талаботу принсипҳои муқарраршуда арзёбӣ гардида, аз байни онҳо 33 нафар ба ҳайси тренер интихоб ва ба кори муваққатӣ дар Марказ ҷалб карда мешаванд.

Июнь 1, 2020 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид