Миннатдории соҳибкорон ва аъзои Палатаи савдо ва саноат аз иқдоми навбатии Пешвои миллат

Июнь 10, 2020 12:02

 ДУШАНБЕ, 10.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорони ҷумҳурӣ, бизнес ассотсиатсияҳо ва аъзоёни Палатаи савдо ва саноати мамлакат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешбинӣ намудани имтиёзҳои гуногун вобаста ба муомилоти бонкӣ, андозу боҷҳои давлатӣ миннатдории худро мерасонанд. Номаи расмии онҳо дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» ворид гардид.

Ёдовар мешавем, ки 5 июн Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид.

Тибқи фармони мазкур,  аз 1 май то 1 августи соли 2020 субъектҳои соҳибкории хурду миёна, ки бо сабаби паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 пурра аз фаъолият бозмондаанд, аз пардохти маблағи иҷораи моликияти давлатӣ озод карда мешаванд.

Аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 ба иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ  гардида, ҳисобкунии фоизҳо барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ карда  шуд.

Инчунин, аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 барои субъектҳои хоҷагидорие, ки дар муҳлати муқарраршуда андози иҷтимоиро пардохт накардаанд, аз  ҷавобгарии андозӣ  озод карда шуданд.

«Ташшабуси навбатии Пешвои миллат вобаста ба пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва дар заминаи он, дастгирии бахши хусусӣ, соҳибкорони хурду миёна, бахшҳои осебпазир аз қабили сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ ва осоишгоҳҳо муҳим арзёбӣ мешавад», — омадааст дар номаи миннатдории соҳибкорон, бизнес ассосиатсияҳо ва аъзоёни Палатаи савдо ва саноат.

Зикр шудааст, ки  иқдоми навбатии Сарвари давлат ба соҳибкорон ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ руҳияи нав бахшида, барои пешрафти фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна ва дигар самтҳои осебпазир ниҳоят муҳим мебошад ва он дар навбати худ ба рушди минбаъдаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон таъсири мусбӣ мерасонад.

ДАР АКС: як гурӯҳ ғолибони озмуни соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон. Акс аз бойгонии АМИТ«Ховар»

Июнь 10, 2020 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд