Музаффар Ҳусейнзода бо Сафири Британияи Кабир машварати видеоӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 10.06.2020 /АМИТ «Ховар/. 9 июн машварати видеоии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Сафири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Мэттю Лоусон ва Роҳбари Дафтари Департаменти рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳонор Фланаган барпо гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, пайгирии тавофуқҳое, ки дар суҳбати видеоии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини парлумонии Котиби давлатии Британияи Кабир хонум Венди Мортон 21 майи 2020 ҳосил шуда буданд, мавзӯи меҳварии ин машваратро ташкил доданд.
Мусоҳибон бори дигар пойбандии худро ба муборизаи муштарак бо ҳамагирии COVID-19 изҳор намуда, зарурати тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ таъкид карданд. Шарики дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ муҳим дониста шуд.
Зимни гуфтугӯ нақши фаъоли Департаменти рушди байналмилалии Британияи Кабир тавассути татбиқи барномаҳо ҷиҳати бартараф кардани паёмадҳои ҳамагирии COVID-19, мусоидат ба рушди иқтисодӣ, дастгирии мустақими бахши хусусӣ, мудирияти шаффоф ва самараноки дороии давлатӣ, мусоидат ба ҳамкорӣ ва тиҷорати минтақавӣ баланд арзёбӣ гардид.








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






