Обидҷон Саидзода – директори нави Радиои Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 16.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони худ рӯзноманигори ҷавон Обидҷон Саидзодаро директори Радиои Тоҷикистон таъйин намуд.
Обидҷон Саидзода 29 июли соли 1986 таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи журналистикаву тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2003 — 2008) мебошад.
Мавсуф то ҳол хабарнигори идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ (2010), мудири шӯъбаи танзими барномаҳо (2012), муҳарирри калони Идораи барномаҳои таҳлилӣ (2015) ва панҷ соли охир муовини аввали директори Радиои Тоҷикистон буд.
«Обидҷон Саидзода муаллифи китоби «Умре бо радио» (дар бораи яке аз собиқадорони радио ва театри тоҷик Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳалима Насибулина – тавз. АМИТ «Ховар») ва дар таърихи радиои Тоҷикистон ҷавонтарин раҳбари ин дастгоҳи иттилоотии давлатӣ аст», – навиштааст имрӯз агентии иттилооотии Россия «Sputnik».
Хотиррасон мешавем, ки Радиои Тоҷикистон чанд шабакаи радиои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Тоҷикистон», «Фарҳанг», «Овози тоҷик» ва «Садои Душанбе»-ро дарбар мегирад, ки ҳар яке самти хоси худро дорад.








«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд






