Обидҷон Саидзода – директори нави Радиои Тоҷикистон

Июнь 16, 2020 12:01

ДУШАНБЕ, 16.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони худ рӯзноманигори ҷавон  Обидҷон Саидзодаро  директори Радиои Тоҷикистон таъйин намуд. 

Обидҷон Саидзода 29 июли соли 1986 таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи журналистикаву тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2003 — 2008) мебошад.

Мавсуф то ҳол хабарнигори идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ (2010), мудири шӯъбаи танзими барномаҳо (2012), муҳарирри калони Идораи барномаҳои таҳлилӣ (2015) ва панҷ соли охир муовини аввали директори Радиои Тоҷикистон буд.

«Обидҷон Саидзода муаллифи китоби «Умре бо радио» (дар бораи яке аз собиқадорони радио ва театри тоҷик Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳалима Насибулина – тавз. АМИТ «Ховар») ва дар таърихи радиои Тоҷикистон ҷавонтарин раҳбари ин дастгоҳи иттилоотии давлатӣ аст», – навиштааст имрӯз агентии иттилооотии Россия «Sputnik».

Хотиррасон мешавем, ки Радиои Тоҷикистон  чанд шабакаи радиои Кумитаи телевизион ва радиои   назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Тоҷикистон»,  «Фарҳанг», «Овози тоҷик» ва «Садои Душанбе»-ро дарбар мегирад, ки ҳар яке самти хоси худро дорад.

 

Июнь 16, 2020 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд