Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» дар таҳрири нав таҳия гардид

Июнь 24, 2020 13:32

ДУШАНБЕ, 24.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  баргузор гардид. 

Дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020»  Созишномаи грантӣ (лоиҳаи Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи давлатии «Хоҷагии коммуналӣ» — и назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар иҷлосия таъкид карда шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд ва дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ дар таҳрири нав таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод карда шудааст.

Лоиҳаи Қонуни мазкур аз 7 боб ва 39 модда иборат мебошад. Бартарии лоиҳаи ин Қонун аз қонуни қаблӣ аз он иборат аст, ки мафҳумҳои асосие, ки дар соҳаи сайёҳӣ истифода мешаванд, муфассал шарҳ дода шуда, шаклҳои нави сайёҳӣ ба таври васеъ инъикос шудаанд ва барои зиёд шудани шаклҳои нави сайёҳӣ мусоидат менамоянд. Зеро зиёд шудани шаклҳои нави сайёҳӣ имкон медиҳад, ки захираҳои сайёҳӣ ба таври васеъ ва самаранок истифода бурда шаванд.

Дар баробари ин, хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳӣ мушаххас карда шуда, тибқи лоиҳаи Қонуни мазкур шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва агенти сайёҳӣ ҳамчун субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ муайян карда шудаанд.

Суғуртакунии фаъолияти сайёҳӣ низ боз ҳам устувор ва мафҳуми минтақаи сайёҳӣ мушаххас карда шудааст.

Инчунин, муҳимияти Қонуни мазкур дар он аст, ки ду намуди  сайёҳӣ — сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ дар як қонун ба танзим дароварда шудаанд.

Аз рӯи масъалаҳои рӯзнома, дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, вазири адлия Музаффар Ашуриён, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, вакилони мардумӣ Парвиз Шодизода, Фозил Обидов, Гулбаҳор Назирӣ, Ғиёсиддин Ашуров, Равшан Раҷабзода,  Мавлуда Мирзозода, Машраб Файзуллоев, Рустам Латифзода, Лутфия Абдухолиқзода баромад намуда, роҷеъ ба тағйиру иловаҳои ба лоиҳаҳои Қонунҳо ворид гардида, таклифҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

Дар фарҷом, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида  қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

 

Июнь 24, 2020 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд
Ваҳдати миллӣ ва рушди парламентаризм дар Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад
ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАР. Ва ё ваҳдате, ки бо шарофати он давлатдории миллии тоҷикон дубора эҳё гардид
Густариши робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ гардид