Паҳлавонони шинохтаи тоҷик тамринҳояшонро дар хона мегузаронанд

Июнь 10, 2020 10:25

ДУШАНБЕ, 10.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шоҳида Қаландарова, варзишгари  шинохта ва ягона дзюдочии фаъоли тоҷик аст, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз миёни варзишгардухтарон намояндагӣ мекунад. Дар ин бора Муродалӣ Тешаев, шореҳи варзиш ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон хабар дод.

Дар асоси маълумоти манбаъ, айни замон Ш.Қаландарова дар ҳавои кушод ба тамрин машғул аст. Ба гуфтаи Шоҳида, дар ин давра ҳам барои анҷоми машқҳо монеъа нест ва ҳаракат мекунад, ки ҳолати варзишии худро дар сатҳи хуб нигоҳ дорад. Хотиррасон  менамоем, ки Шоҳида дар деҳаи Меҳрободи (собиқ Қурбоншаҳид) ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст.  Номбурда аввал ба самбо шуғл меварзид. Ӯ соли 2014 дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни наврасон дар шаҳри Лимассоли Кипр дар сабқати духтарон дар вазни то 56 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шудааст. Баъдан ӯ гуштини дзюдоро интихоб кард ва дар ин риштаи олимпӣ ба натиҷаҳои баланд ноил гардидааст.

Бояд кайд кард, ки  барои натиҷаҳои баланди варзишияш Шоҳидаро ба ҳайати дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон миёни занон дохил намуданд. Ӯ соли 2018 дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар Индонезия дар сабқати занон дар риштаи дзюдо танҳо варзишгаре буд, ки Тоҷикистонро намояндагӣ кард. Шоҳида моҳи апрели соли 2019 дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасону ҷавонон дар шаҳри Тошканд дар сабқати духтарон дар вазни то 57 кило медали нуқра гирифт.  Инчунин  соли гузашта  Шоҳида дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон медали тилло ба даст овард. Ӯ дар вазни то  63 кило миёни духтарон дар даври ниҳоӣ бар Фарангиз Ҳоҷиева аз Узбекистон дастболо шуд.

Бояд зикр кард, ки Шоҳида Қаландарова дар ҳайати дастаи мунтахаби дзюдои  Тоҷикистон барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2021 дар Токио мубориза мебарад. Ӯ соли гузашта дар якчанд мусобиқаи интихобии олимпӣ барои ба даст овардани имтиёзҳо ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Токио мубориза бурд. Чунончи, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо бо номи Гранд Слам дар пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб — шаҳрии Абу Дабӣ ва Гранд Слем дар Екатеринбурги Россия ширкат кард.

Ҳамчунин   узви дигари  мунтахаби ҷавонони мамлакат дар риштаи дзюдо — Разиоллоҳ Лоиқов, барои худ дар боғи назди ҳавлиашон макони машқ омода кардааст. Ӯ ҳамарӯза дар ин ҷо ду бор саҳару бегоҳ тамрин мекунад.

Садр Боев бошад,  паҳлавони дигари тоҷик,дар дохили хона машқҳои худро анҷом медиҳад. Ба ҳамин монанд дигар варзишгарони мамлакат низ то анҷоми таваққуфи муваққатӣ дар машқҳои дастаҷамъона ва баргузории мусобиқаҳо, омодагии худро тибқи қоидаҳои беҳдоштӣ анҷом медиҳанд.

Июнь 10, 2020 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад