Рамзи Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» қабул гардид
ДУШАНБЕ, 04.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Рамз (логотип)-и Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон–Раиси Шўрои нозирон оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ Давлаталӣ Саид қабул карда шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба МОИ «Кӯлоб».
Бино ба иттилои манбаъ, зимни таҳияи рамзи мазкур ҳадаф ва афзалиятҳои стратегии сатҳи миллӣ, ба монанди саноатикунонии босуръати кишвар, эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар ба инобат гирифта шудааст, ки аз сиёсати дурбинона ва оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
«Бо назардошти хусусиятҳои хоси шаҳри бостонии Кўлоб ҳангоми таҳияи рамзи мазкур ба масъалаҳои рушди устувори иқтисодиёт, таъмини пешрафти соҳаҳои саноат, истеҳсолот, тиҷорат, агробизнес, иқтисодиёти сабз, рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, бахусус чакандўзӣ ва пос доштани таъриху фарҳанги пурғановати халқу миллатамон диққати махсус дода шудааст», — зикр намуд манбаъ.
Рамзи Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» аз 5 қисмат иборат буда, чунин шарҳ дода мешавад:
- Дар қисми рост нишони саноат, истеҳсолот ва тиҷорат ҷой дода шудааст, ки ба ҳадафҳои стратегии кишвар, бахусус саноатикунонии босуръати кишвар, диверсификатсияи истеҳсолот, таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва дастгирии бахши хусусӣ марбут буда, ҳамчун муҳаррики пешбарандаи иқтисодиёт муаррифӣ карда мешавад. Зеро, пешрафти иқтисодиёти кишварро бе рушди соҳаҳои гуногуни саноат тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Рушди истеҳсолот ва тиҷорат, истифодаи васеи ашёи хоми маҳаллӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои замонавӣ омили муҳими таъмини аҳолии маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ маҳсуб меёбад.
- Дар қабати нишони саноат, истеҳсолот ва тиҷорат нишони барги сабз пайваст гардида,ба пешбурди масъалаҳои марбут ба агробизнес ва иқтисодиёти сабз алоқаманд мебошад.
Тоҷикистон кишвари агро-саноатӣ маҳсуб ёфта, бештари аҳолӣ дар деҳот умр ба сар мебаранд, ки шуғли асосии онҳо кишоварзӣ мебошад. Дар навбати худ вилояти Хатлон, ки Минтақаи озоди иқтисодии “Кўлоб” дар ҳудуди он ҷойгир мебошад, яке аз вилоятҳои калонтарини агро — саноатии кишвар ба ҳисоб рафта, аз рўи шумораи аҳолӣ дар байни дигар вилоятҳо ҷои аввалро ишғол менамояд.
Бо гузаштани кишвар аз модели агро-саноатӣ ба модели индустриалӣ-аграрӣ имконият пайдо мегардад, ки аз ҷониби масъулин ба коркарди бештари маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва пешбурди агробизнес диққати бештар дода шавад.
Ҳамзамон, пешбурди масъалаҳои иқтисодиёти сабз дар меҳвари сиёсати имрўзаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, тайи солҳои охир ба масъалаи мазкур диққати махсус зоҳир карда мешавад.
Ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи истеҳсоли энергияи сабз, яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза, дар қатори кишварҳои пешсафи ҷаҳон шомил буда, дар ин самт ҷои намоёнро ишғол менамояд.
Ҳамзамон, мақсадҳои гузошташуда ба Ҳадафҳои рушди устувор, ки дар ҷаласаи Ассамблеяи Генералии СозмониМилали Муттаҳид тасдиқ гардидааст, ҳамоҳанг мебошанд.
- Дар қисми чапи рамз нишони чакан, ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ ҷой дода шудааст: Чакан ё чакандўзӣ – яке аз намудҳои санъат ва ҳунари бадеӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун навъи гулдӯзӣ машҳур гардида, хоси мардуми шаҳри бостонии Кўлоб мебошад. Инчунин, чаканро занони тоҷик, хусусан занони шаҳри бостонии Кӯлоб ҳамчун либоси миллии занона ба бар намуда, дар ҳама ҷашну маросимҳо аз он васеъ истифода мебаранд. Падидаи чакан бо фарҳанги минтақаи Кӯлоб алоқаи ногусастанӣ дошта, ҳамчун ҳунари мардумӣ эътироф гардида, аз қадим то ин ҷониб ҳифзу нигоҳдорӣ ва рушд ёфта истодааст. Нигораҳои он яке аз сарватҳои бебаҳои зеҳнии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад, ки дар миёни мардуми мо ҷойгоҳи махсус дорад.
Аз ҷониби ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ – ЮНЕСКО дар қатори дигар осори қадима чакан ҳамчун мероси таърихии халқи тоҷик эътироф гардид, ки зодгоҳи он шаҳри бостонии Кўлоб мебошад.
Дар нақшҳои чакан орзую омол ва ҳофизаи таърихии қавмҳои ориёӣ ҷой гирифта, тавассути ҳунармандони моҳир то ба замони мо расида, дар олам эътирофу маҳбубият пайдо кардааст.
Дар баробари ин, мардуми шаҳри бостонии Кўлоб аз қадим ба ҳунармандӣ машғул буда, то ба ҳол ин анъанаи некро идома дода истодаанд.
Мавҷуд будани кўчаҳои заргарон, чармгарон, косатарошон, кулолгарон, оҳангарон ва монанди инҳо дар шаҳри Кўлоб аз маданияти қадимаи шаҳрнишинӣ дарак дода, ин ҳунарҳо аз насл ба насл мерос мондаанд ва то ба имрўз дар ин шаҳри таърихӣ ривоҷ доранд (Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шаҳри Кўлоб, 11.09.2019).
Мардуми тоҷик тӯли асрҳо дар рушду нумуи илму фарҳанг,ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ саҳми арзанда гузошта, эҳё, рушд ва ташвиқу тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати имрўзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Бинобар ин, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, ки ин метавонад ба рушди устувори инфрасохтори деҳот, пешрафти соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ заминаи мустаҳкам гузорад.
- Дар қисми поёнии рамз нишони миллии 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, ки бо шерозҳои чакан оро дода шудааст, инъикос ёфтааст,ки аз қадима будани ин шаҳр шаҳодат медиҳад. Зеро Кўлоб таърихи хеле қадима дошта, осори зиёди таърихии аз ҳудуди он пайдошуда аз таърихи пуршарафи ин шаҳри бостонии тоҷикон дарак медиҳад. Бо назардошти он, ки таъриху фарҳанг ҳамчун сутун ва пойдевори ҳар якдавлат эътироф гардидааст, бинобар ин нишони мазкур дар қисмати поёнӣ ба мисли шоҳсутун оварда шудааст.
- Дар қисми болоии рамз нишони рушди иқтисодиёт ҳамчун соҳаи муҳим ва пешбарандаи хоҷагии халқи мамлакат ҷой дода шудааст. Зеро пешбурди соҳаҳои гуногуни саноат, ба роҳ мондани диверсификатсияи истеҳсолот, рушди бахши хусусӣ, тараққӣ додани агробизнес, иқтисодиёти сабз, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва пос доштани таъриху фарҳанги пурғановати халқи азизамон имконият медиҳад, ки рушди устувори иқтисодиёттаъмин гардад.