РВКД ДАР ДУШАНБЕ ХАБАР МЕДИҲАД: Як гурӯҳ ҷавонзанони авбош дастгир гардиданд
ДУШАНБЕ, 08.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нисбати гумонбарон Шаҳноза Холиқова, Мадина Дадахонова, Гулноза Ваҳобова тибқи талаботи моддаи 237 (авбошӣ дар ҳайати гурӯҳӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбари асосӣ Холиқова Шаҳноза Саидмуродовна дар Боздоштгоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор дорад. Дар ин бора аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
6 июн тахминан соатҳои 17:00 дақиқа дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ як навори латукӯб ва муноқишаи ду нафар ҷавонзан роҳ ёфт, ки дорои саҳнаи даҳшатноки хушунату шиканҷа буда, боиси вокуниш ва сарусадоҳои манфӣ аз ҷониби корбарону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ гардид. Аксарияти корбарон бо ирсоли навор аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки шахсияти нафарони дар навор инъикосгардида ошкор ва нисбати кирдори авбошонаи онҳо баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.
Бо мақсади ошкору муайян намудани шахсияти нафарони дар навор инъикосгардида ва санҷиши воқеии ҳолати кор аз ҷониби гурӯҳи оперативӣ-тафтишотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва бо кӯмаки як нафар истифодабарандаи фаъоли шабакаи Интернет макони содиршавии ҳодиса муайян ва худи онҳо боздошт карда шуданд: Шаҳноза Холиқова соли таваллудаш 12 октябри соли 1998, зодаи шаҳри Турсунзода, муҷаррад, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Б.Ғафуров, бинои 11, ҳуҷраи 20, Мадина Дадахонова соли таваллудаш 20 сентябри соли 1995, зодаи шаҳри Турсунзода, муҷаррад, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев 31, ҳуҷраи 13,
Гулноза Ваҳобова, солаи таваллудаш 09 октябри соли 1999, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи У.Хайём 77.
Тибқи санҷиш муайян карда шуд, ки ҳар се ҷавонзани дастгиршуда, ҷабрдида-Ваҳобова Гулноза, гумонбар – Холиқова Шаҳноза ва наворбардор-Дадахонова Мадина бо ҳам шинос буда, макони содиршавии ҳодиса манзили истиқоматии гумонбар Холиқова Шаҳноза мебошад.
Тибқи пурсиши ҷабрдида, гумонбар ва нафари сеюм нахуст байни онҳо баҳси лафзӣ сурат гирифта, баъдан дастгиршуда Холиқова Шаҳноза ҷабрдида Ваҳобова Гулнозаро мавриди латукӯб ва дашному ҳақорат қарор дода, бо истифода аз қайчӣ мӯи сари Ваҳобова Гулнозаро мебурад. Дадахонова Мадина ба ҷои халос кардан, баръакс ин саҳнаи хушунатро ба навор гирифта, нахуст дар саҳифаи шахсиаш дар «Инстаграм» гузошта, сипас тавассути дигар шабакаҳо паҳн менамояд.
Санҷиши ҳодисаи мазкур таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор дошта, зимнан мақомоти милитсияи пойтахт аз шаҳрвандоне, ки барои ошкорнамоии ҷинояти мазкур саҳми худро гузоштанд, изҳори сипос менамояд.
Бо истифода аз фурсат ба таваҷҷӯҳи сокинон расонида мешавад, ки ҳар як кирдори ғайриқонунӣ, ҳодисаву одитарин кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ки ба поймол гардидани ҳуқуқи шаҳрвандон оварда мерасонад, бе баррасӣ ва чораандешии қатъӣ нахоҳад монд.








Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад






